Тоҷикони муқими водии Своти Покистон созмони ҷамиятиеро бо номи » Созмони мардумии Свот» таъсис дода, дар заминаи он саҳифаи махсус таҳти унвони «Созмони қавмии тоҷикон» дар Фейсбук кушодаанд, ки ҳадаф аз он ҳимоят аз ҳуқуқи худ ва дарёфти ҳаққи навиштани шаҳрвандиашон дар асноди расмии тоҷикон гуфта мешавад, зеро онҳо мегӯянд, аз рӯи миллат тоҷиканд, аммо дар ҳуҷҷатҳо ҳамеша паштун қайд мешаванд. Дар ин бора Охунзода Ориф Ҳасанхон, муҳаққиқи тоҷики муқими Покистон зимни суҳбат бо хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Тоҷиддини Ризвон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи раҳбари ин созмони навтаъсис Нур Ҳабиб Свотӣ, тоҷикони покистонӣ, ки бештари онҳо дар водии Свот зиндагӣ мекунанд, худро свотӣ ё тоҷик меноманд ва “Созмони мардумии Свот” низ натиҷаи заҳмати тоҷикони Покистон аст, ки кӯшиш мекунанд ҳақиқати таърихиро дар бораи миллаташон собит созанд. “Аз ҷумла, ин созмон дар оянда кӯшиш мекунад, ки дар асноди расмӣ номи тоҷикон тоҷик навишта шавад, на паштун, зеро ҳоло тоҷикони покистонӣ дар шиносномаҳои худ ҳамчун паштун қайд шудаанд, — гуфт мавсуф зимни як мусоҳибаи хаттӣ бо радиои “Овози тоҷик”.
Нур Ҳабиб Свотӣ зимни мусоҳиба таъкид дошт, мардуми Свот дар таснифоти қавмӣ ва асноди расмии Покистон ба унвони «паштун» сабти ном шудаанд, ки ин зулми таърихӣ буда, қобили қабул нест. “Тоҷикони Свот таърих, расму ойин ва тарзи зиндагии хоси худро доранд ва ҳамчун тоҷикони Афғонистону Эрону Узбекистону Тоҷикистон худро вориси фарҳанги Ориёӣ медонанд”,-гуфт Нур Ҳабиб Свотӣ.
Роҳбари созмони мардумии тоҷикони Свот гуфт, мутаассифона, бо далели ин ҷабри таърих имрӯз баъзе аз тоҷикони Покистон забони аслии худро фаромӯш карда, бо паштуниву урду ҳарф мезананд. Бинобар ин, роҳбарияти “Созмони мардумии Свот” дар наздаш маҳфили ҷавонони тоҷикро бо номи «Рустамдор» таъсис дод, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти он ба тоҷикони минтақа таълим додани забони модариашон мебошад. Нур Ҳабиб Свотӣ изҳор дошт, ки барои ин омӯзгорони донишманди тоҷикро ҷалб мекунанд ва дар сурати зарурат онҳоро аз Тоҷикистон низ даъват хоҳанд кард.
Нур Ҳабиб Свотӣ теъдоди тоҷикони танҳо минтақаи водии Свотро беш аз 800 ҳазор нафар шумурда, гуфт, созмони онҳо нақша дорад дар оянда бо тоҷикони муқими Пешовар ва дигар вилоятҳои Покистон пайваста, бо ин васила ба тоҷикони покистонӣ худшиносии миллиро омӯзонад. Аммо, новобаста ба ин, тоҷикони покистонӣ худро бахше аз мардуми Покистон дониста, ин диёрро дӯст медоранд ва мехоҳанд дар рушди ояндаи Покистон саҳм гузоранд, — таъкид кард ӯ.