Собиқ президенти Қирғизистон Роза Отунбоева рӯзи шанбеи гузашта намояндаи махсуси Дабири кулли СММ ва роҳбари Намояндагии СММ дар Афғонистон таъйин шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти ин созмони ҷаҳонӣ хабар дод.
«Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш имрӯз аз таъйини Роза Отунбоева аз Қирғизистон ба вазифаи намояндаи махсуси ӯ дар Афғонистон ва роҳбари Намояндагии СММ дар Афғонистон хабар дод», — омадааст дар иттилоияи созмон.
Дар ин мақом Отунбоева Дебора Лионсро, ки Дабири кулли СММ ба ӯ «барои хидматаш изҳори сипос кард», иваз намуд.
Дафтари матбуоти СММ таъкид кардааст, ки Отунбоева «дорои таҷрибаи 35-сола дар соҳаи идоракунӣ, дипломатия, фаъолии шаҳрвандӣ ва ҳамкории байналмилалӣ мебошад». Ӯ аз 3 июли соли 2010 то 1 декабри соли 2011 президенти Қирғизистон буд.