Ба ифтихори 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати корҳои хориҷӣ чорабинии идона баргузор гардид. Дар ин бора сомонаи расмии ВКХ ҶТ иттилоъ додааст.
Чорабинии идонаро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, аз дастовардҳои кишвар дар даврони Истиқлолият ва саҳми назарраси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ, таъмини сулҳу субот ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ таъкид намуд.
Ба ҷамъомад ҳунармандони Муассисаи давлатии “Театри давлатии академии опера ва балети ба номи устод Садриддин Айнӣ” бо баромадҳои гуногунранг ва дилчасп фазои идона бахшиданд.