15-16 сентябр дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти унвони «Нақши пешвоёни динҳои ҷаҳонӣ ва анъанавӣ дар рушди иҷтимоию маънавии башарият дар давраи пас аз пандемия» Конфронси байналмилалии VII пешвоёни динҳои ҷаҳонӣ ва анъанавӣ доир мегардад, ки дар кори он Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода иштирок мекунад.
Саидмукаррам Абдуқодирзода дар конфронс дар мавзӯи «Саҳми пешвоёни дин дар пешбурди муколамаи ҷаҳонӣ ва сулҳ, мубориза бо ифротгароӣ, радикализм ва терроризм, бахусус дар заминаи динӣ» бо забони арабӣ сухан мегӯяд.
Дар назар аст, ки садҳо намояндагон аз 50 кишвари ҷаҳон дар ин конфронс ширкат ва суханронӣ намоянд. Ба навиштаи расонаҳои Қазоқистон, дар конфронс иштироки Попи Рум Франсиск, имоми олии Ал-Азҳар (Миср) Шайх Аҳмад ат-Тайиб ва дигар раҳбарони рӯҳонӣ дар назар аст.