Президенти ИМА Ҷо Байден ва ҳамсараш Ҷил Байден рӯзи 17 -уми сентябр ба Британия сафар карда, дар маросими дафни малика Элизабети II иштирок мекунанд. Дар ин бора хадамоти матбуоти «Коҳи сафед» хабар дод.
«Оилаи Байден даъвати расмии ширкат дар маросими дафни Маликаро пазируфтааст» гуфта мешавад дар маълумот. CNN бо истинод ба як манбаи «Коҳи сафед» тавзеҳ медиҳад, ки даъват барои ширкат дар маросим танҳо ба президент ва ҳамсараш дахл дорад. Ҳамин тавр, Байден бидуни ҳамроҳонаш дар ҳайати расмӣ ба Британия меравад.