Аз 5 то 15 сентябр дар шаҳри Душанбе, навоҳии Рашт ва Нуробод рӯзҳои эмгузаронии иловагӣ бар зидди бемории сурхча ва гулафшон ҷараён доранд, ки он кӯдакони аз 5- сола то наврасони 15-соларо дар бар мегирад.
Сурхча ба гурӯҳи бемориҳои хавфноки сироятӣ дохил шуда, сабабгори фавти зиёди кӯдакон ва боиси ташвиши табибони ҷаҳон гардидааст. Беморӣ пеш аз ҳама газаки шуш, гӯш ва таъсири ҷиддӣ ба хунро ба амал меоварад. Гулафшон ҳам чун сурхча бемории шадиди сирояткунанда буда, дар пӯсти бадани бемор доғҳои сурх пайдо мешаванд. Он бо роҳи нафаскашӣ, атсазанӣ ва сулфа ба одамони дигар мегузарад. Ҳарчанд бачагони хурдсол бемории гулафшонро хеле сабук мегузаронанд, онҳо дар давраи беморӣ манбаи паҳншавӣ, барангезандаҳои он буда метавонанд. Бемориҳои мазкур хусусан ба занони ҳомила хавфи ҷиддӣ дорад, зеро вируси барангезандаи гулафшон метавонад ба тамоми узвҳои ҷанин зарари калон расонад. Зани ҳомиладори сироятёфта тифли нобино, ношунаво ва нуқсони дилдоштаро таваллуд карданаш мумкин аст.
Барои пешгирии он дар кишвари мо бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва дастгирии созмонҳои байналмилалӣ дар саросари кишвар ҳамасола маъракаи Рӯзҳои миллии эмкунӣ бар зидди бемории сурхакон ва гулафшон мегузарад. Барангезандаи ин бемориҳо вирусе мебошад, ки қобилияти тавонои сирояткунӣ дорад. Аз он 90-95 фоизи кӯдакони ба бемор алоқаманд, сироят меёбанд. Зиёда аз 10 фоизи фавти кӯдакони то 5 — сола аз бемории сурхакон аст.
Ба зикри табиби сироятшинос Шамшод Музаффаров, бо мақсади паст кардани шиддати паҳншавӣ ва дар ояндаи наздик тамоман нест кардани онҳо вақти эмкунии даврагӣ бар зидди бемории сурхакон дар 12-моҳагӣ ва 6-солагӣ, барои пурра аз байн бурдани ҳар ду беморӣ дар қадами аввал маъракаи оммавии эмгузаронӣ, баъдан, тадбири ба тақвими миллӣ ворид намудани эмкунии доимӣ бар зидди сурхакон ва гулафшон амалӣ мегарданд. Тадбири эмкунӣ имкон медиҳад, ки эҳтимоли сар задани беморӣ, шароити гузаришу паҳншавии он маҳдуд карда шавад. Барои пешгирии сурхакон ва гул тадбире беҳтар аз эмкунӣ нест. Бузургтарин дастоварди тиб бар зидди сурхакон ва гулафшон эмкунист.
Ҳангоми гирифтор шудан ба бемории сурхакон ҳарорат баланд шуда зуком ва сурфа ба вуҷуд меояд, гиреҳҳои лимфавии пушти сар калону дардманд мешаванд, дар пӯст доначаҳо медаманд. Ангезандаи сурхакон вирус буда, он тавассути қатраҳои балғам, оби даҳон ва луоби бемор ҳангоми сурфа, атса, гуфтугӯ ба ҳаво паҳн мегардад. Вирусҳоро одамони солим нафас гирифта, бемор мешаванд. Ба сурхакон одамони синнашон гуногун (бештар кӯдакони аз 2 то 10-сола) сироят меёбанд. Одамони калонсол камтар бемор мешаванд. Баъди аз сар гузаронидани беморӣ иммунитети устувор боқӣ мемонад. Беморон ду шаборӯз пеш аз дамидани доначаҳо, ҳамчунин баъди нест шудани тамоми нишонаҳои беморӣ (то 2 ҳафта ва зиёдтар) низ барои дигарон сироятнок мебошанд
Вируси сурхакон дар организм бидуни зуҳуроти беморӣ метавонад 16 — 21 шаборӯз маҳфуз монад (давраи ниҳонӣ). Давраи пешхабари беморӣ аз зукому сурфаи сабук оғоз ёфта, аксар вақт ҳатто зоҳир намешавад. Дар аснои Сурхакон уқдаҳои лимфавии пушти сар ва гардан варам ва каму беш дард мекунанд. Ҳамзамон бо ин аломатҳо ё баъди 1 — 2 шаборӯз дар рӯю бадани бемор доначаҳои гулобии сафедтоб пайдо мешаванд. Пас аз 2 — 3 шаборӯз доначаҳо нест гашта, пай намемонанд. Ҳарор. бемор 1 — 2 шаборӯз баланд меистад. Бисёр вақт дар тамоми давраи беморӣ таби кӯдак мӯътадил монда, ҳолати умумии ӯ тағйир намеёбад. Сурхакон мумкин ноаён ва бидуни ягон нишона низ падид ояд. Аз беморӣ боди ногувор намемонад.
Дар сурати ба сурхакон гирифтор шудани занҳои ҳомила сирояти беморӣ ба ҷанин низ таҳдид мекунад. Соли 1941 духтури австралиягӣ Грегг муайян намуд, ки ба сурхакон гирифтор шудани занҳои ҳомила аксар вақт боиси нуқси модарзодии кӯдакон мегардад. Сурхакон махсусан дар 3 моҳи аввали ҳомилагии хавфнок аст. Ҳангоми зиёдтар будани муҳлати ҳамл кӯдак камхун ё узвҳои дарунӣ иллатнок мешавад. Чунин кӯдакон дар давоми зиёда аз 18 моҳ (баъди таваллуд) вирус ҷудо карда, манбаи сирояти атрофиён мегарданд.
Ба таъкиди табиби кӯдакона, номзади илмҳои тиб Мавлуда Шарифова, кӯдакро ҳангоми гирифтор шудан ба ин беморӣ дар хона духтур табобат мекунад. Ба кӯдак оромӣ ва хӯроки хушҳазм лозим аст. Барои пешгирии сурхакон кӯдакони беморро сари вақт аз коллективҳои бачагона ҷудо нигоҳ медоранд. Занҳои ҳомила бояд худро аз беморони сурхакон канор гиранд. Шахсоне, ки ба бемори сурхакон нигоҳубин мекунанд, барои маслиҳат бояд ба духтур муроҷиат намоянд.
Бузургтарин дастоварди тиб бар зидди сурхакон ва гулафшон эмкунист. Зеро барангезандаи ин бемориҳо вирусест, ки қобилияти тавонои сирояткуниро дорад. Аз он 90-95 фоизи кӯдакони ба бемор алоқаманд, сироят меёбанд. Зиёда аз 10 фоизи фавти кӯдакони то 5 –сола аз бемории сурхакон аст. Беморӣ пеш аз ҳама газаки шуш, гӯш ва таъсири ҷиддӣ ба хунро ба амал меоварад.
Гулафшон бемории шадиди сирояткунанда буда, дар пӯсти бадани бемор доғҳои сурх пайдо мешаванд. Он бо роҳи нафаскашӣ, атсазанӣ ва сулфа ба одамони дигар мегузарад. Ҳарчанд бачагони хурдсол бемории гулафшонро хеле сабук мегузаронанд, онҳо дар давраи беморӣ манбаи паҳншавӣ, барангезандаҳои он буда метавонанд. Бемории гулафшон хусусан ба занони ҳомила хавфи ҷиддӣ дорад, зеро вируси барангезандаи гулафшон метавонад ба тамоми узвҳои ҷанин зарари калон расонад. Зани ҳомиладори сироятёфта тифли нобино, ношунаво ва нуқсони дил доштаро таваллуд карданаш мумкин аст.
Табиби сироятшинос Шамшод Музаффаров доир ба роҳҳои пешгирии ин бемориҳо гуфт, пеш аз ҳама, бо мақсади паст кардани шиддати паҳншавӣ ва дар ояндаи наздик тамоман нест кардани онҳо вақти эмкунии даврагӣ бар зидди бемории сурхакон дар 12 -моҳагӣ ва 6 – солагӣ, барои пура аз байн бурдани ҳар ду беморӣ дар қадами аввал маъракаи оммавии эмгузаронӣ, баъдан, тадбири ба тақвими миллӣ ворид намудани эмкунии доимӣ бар зидди сурхакон ва гулафшон амалӣ мегарданд. То эмгузаронӣ кӯдакони зиёд ба ин беморӣ гирифтор шуда, қисме ба ҳалокат мерасиданд.
Бояд гуфт, ки 10 – 15 сол пеш сурхакон марҳилавӣ буд, яъне баъди ҳар 4 – 5 сол вогир мешуд. Шумораи беморшудагон ба 5 — 6 ҳазор нафар мерасид Баъди гузаронидани тадбирҳои мушаххас, махсусан баъди беҳтар намудани сифатнокии эмкунии доимӣ дар соли 2004, ки зиёда аз 3 миллион одамро фаро гирифта буд, дар солҳои 2007 – 2009 ин бемориҳо ба қайд гирифта нашуданд. Ҳамасола дар ҷаҳон зиёда аз 110 ҳазор чунин бемор ба қайд гирифта мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳол системаи назорати эпидемиологӣ аз болои синдроми гулафшони модарзод амал намекунад. Яъне, беморӣ вуҷуд дошта бошад ҳам, азбаски эпидемия нест, ба қайд гирифта намешавад. Тадбири эмкунӣ имкон медиҳад, ки эҳтимоли сар задани беморӣ, шароити гузаришу паҳншавии он маҳдуд карда шавад.
Назорати сохторҳои эпидемиологӣ аз болои бемории сурхакон ва истифода аз ташхисгоҳи боварибахши Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар назди Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии тиббию профилактикии Вазорати тандурустӣ, ташхиси саривақти беморон баробари тадбирҳои оммавӣ ба маҳву решакан шудани ин бемориҳо мусоидат мекунанд.
Ба таъкиди табиби сироятшинос, устоди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, номзади илмҳои тиб, дотсент Соҳира Давлатова, дар маъракаи Рӯзҳои миллии эмкунӣ зидди бемориҳои сурхакон ва гулафшон ваксинаи сифатнок, ки ба талаботи стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯст, истифода бурда мешавад. Ваксинаи сурхакон ва гулафшон комплексӣ буда, масунияти пурқуввати ҷисми кӯдакро ба амал меорад ва эмшударо якумра аз сироятшавии ин бемориҳо эмин медорад.
Табиби сироятшинос Шамшод Музаффаров иброз намуд, ки рӯзҳои эмгузаронии иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон дар минтақаи Рашт ва шаҳри Душанбе ба он хотир ба роҳ монда шудаанд, ки ҳолатҳои гирифторӣ ба ин гуна беморӣ бештар ба қайд гирифта шудаанд. Барои пешгирии ин бемориҳо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар саросари мамлакат маъракаи Рӯзҳои миллии эмкунӣ бар зидди бемории сурхакон ва гулафшон низ доир менамояд.
Ба гуфтаи табиби сироятшинос Шамшод Музаффаров, бемории сурхча шадиди сироятӣ буда, ба он ҳарорати баланди шадид, илтиҳоби роҳҳои нафас, сулфа, сурхшавӣ ва ашкрезӣ аз чашмон ва пайдоиши доначаҳои сурх хос аст. Пайдоиши доначаҳои сурх хосияти пай дар пайӣ дорад. Мисол, дар рӯзи якум ин доначаҳо дар паси гӯшҳо, рӯй ва гардан пайдо мешаванд, рӯзи дуюм ин доначаҳо дар қисми болои қафаси сина ва дастҳо мебароянд, рӯзҳои сеюм пайдошавии доначаҳо ба қисми поёнии бадан, яъне пойҳо мегузарад. Барангезандаи бемории сурхча вирус мебошад, ки ба воситаи ҳаво аз шахси бемор ба шахсони осебпазир, ки дар вақташ мувофиқи тақвими миллӣ бар зидди ин беморӣ иммунизатсия нашудаанд, мегузарад.
Давраи хатарнок ва сирояткунии атрофиён- ин 4 рӯз пеш аз баромадани доначаҳои сурх ва 4 рӯз баъд аз баромадани доначаҳо ба ҳисоб меравад. Дар ин давра сари вақт беморро бояд аз дигарон ҷудо намоянд ва барои бемор шароити муносиб муҳайё кунанд. Давраи ниҳоии бемории сурхча аз 7 то 18 рӯзро дар бар мегирад, — гуфт табиби сироятшинос Шамшод Музаффаров.
Тавре ки гуфтем, ягона роҳи пешгирии бемории сурхча ин иммунизатсия ба воситаи гузаронидани ваксина бар зидди ин беморӣ мебошад. Ваксинае, ки дар Тоҷикистон истифода бурда мешавад, ин ваксинаи комплексӣ буда, бар зидди ҳам бемории сурхча ва ҳам гулафшон равона карда шудааст.
Дар ҷумҳурӣ мувофиқи тақвими миллӣ иммунизатсия бар зидди бемории сурхча 2 маротиба гузаронида мешавад, вояи якум дар синни яксолагии кӯдакон ва вояи дуюм такроран дар 6-солагӣ. Барои пайдо шудани масунияти пурра бар зидди ин беморӣ кӯдакон ҳатман бояд ду вояи ваксинаро қабул кунанд.
Табиби кӯдакона Миҷгона Шарифова гуфт, гулафшон бемории шадиди сирояткунанда буда, дар пӯсти бадани бемор доғҳои сурх пайдо мешаванд. Он бо роҳи нафаскашӣ, атсазанӣ ва сулфа аз бемор ба дигар нафар мегузарад. Ҳарчанд бачагони хурдсол бемории гулафшонро хеле сабук мегузаронанд, онҳо дар давраи беморӣ манбаи паҳншавӣ ва барангезандаҳои он буда метавонанд. Бемории гулафшон хусусан ба занони ҳомила хавфи ҷиддӣ дорад, зеро вируси барангезандаи гулафшон метавонад ба тамоми узвҳои ҷанин зарари калон расонад. Тадбири эмкунӣ имкон медиҳад, ки эҳтимоли сар задани беморӣ, шароити гузаришу паҳншавии он маҳдуд карда шавад. Бузургтарин дастоварди тиб бар зидди сурхакон ва гулафшон эмкунист.
Дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид, дигар созмонҳои байналмилалӣ ва, албатта, фаъолию огоҳии мардум барои хубу муташаккилона ва босамар гузаронидани ин тадбири муҳими тиббӣ мусоидат хоҳанд кард.
Мирсаид САТТОРИЁН,
«Овози тоҷик»