15-уми сентябри соли 2022 дар шаҳри Тошканд дар доираи XIV Синамоҷашнвораи байналмилалии «Дурдонаи роҳи абрешим» Қарордод доир ба истеҳсоли муштараки филми ҳунарию таърихии «Ҷомӣ ва Навоӣ: Дурахши ахтарон» миёни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» аз ҷониби директори МД “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён ва директори Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ўзбекистон Фирдавс Абдухолиқов ба тасвиб расид. Дар ин бора сомонаи расмии “Тоҷикфилм” иттилоъ додааст.
Бояд гуфт, ки то кунун матннома ё сенарияи филми мустанади “Ҷомӣ ва Навоӣ”-ро гурӯҳи эҷодии иборат аз намояндагони ду кишвар омода карда, айни ҳол таҳриру илова ба он ворид шуда истодааст. Коргардони маъруфи фаронсавӣ Люк Бессон ба ҳайси мушовир барои ин филм даъват шуда буд ва акнун роҳбари бадеии лоиҳаи мазкур интихоб шуд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зимни сафараш ба Тоҷикистон пешниҳоди ба навор гирифтани филм дар бораи дӯстии мутафаккирони бузурги халқҳои тоҷику узбек — Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоиро карда буд ва ин пешниҳод аз ҷониби Президенти кишвари мо тасдиқ карда шуд.