Дар кӯчаи ба номи Одамушшуаро Абӯабдуллоҳ Рӯдакии Самарқанд муҷассамаи Асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс, устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ гузошта шуд. Ҳоло маросими ифтитоҳи он ҷараён дорад, хабар медиҳад рузномаи “Овози Самарқанд”.
Дар маросими ифтитоҳ ҳокими вилоят Э.Турдимов ва роҳбарону фаъолони вилоят иштирок доранд.
Чорабиниро ҳокими вилоят Э.Турдимов оғоз бахшида, дар бораи ҳаёту эчодиёти Шоир Устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ падари шеъри тоҷику форс сухан гуфт. Нақши ӯ дар ташаккули фарҳанги тамоми минтақа бориз аст. Осори Рӯдакӣ барои тамоми фарҳанги ҷаҳонӣ ҷовидон боқӣ мемонад.