
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «I» мақоми аввалро ишғол намуда, ба қисми ниҳоии мусобиқот, ки аз 1 то 18 марти соли оянда дар Узбекистон баргузор мешавад, роҳ ёфт. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.
Дастаи ҷавонони Тоҷикистон дар даври ниҳоии марҳилаи интихобӣ бар ҳамсолони худ аз Камбоҷа бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Тӯбҳои задаи Амадонӣ Камолов ва Бежан Нишонбойзода ба дастаи мо пирӯзии муҳим оварданд.
Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои ҷавонони то 20-сола
Гурӯҳи «I». Даври 3
ТОҶИКИСТОН – Камбоҷа – 2:1
Голҳо: Амадонӣ Камолов, 58 (1:0). Сокнет Хав, 64 (1:1). Бежан Нишонбойзода, 79 – аз пеналтӣ (2:1).
18 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 5000 тамошобин.
Лубнон – Сингапур – 6:1