Аз оҳанги суханронӣ, матн, истилоҳот, муҳтавои андеша, усули равоншинохтии саркардаи гуруҳи роҳзанҳои қирғиз таҳти роҳбарии Президенти ин кишвар ва раиси КДАМ-и Қирғизистон бармеояд, ки дар мамлакаташон имрӯз ба ҷуз мушкилоти марз бо Тоҷикистон дигар ягон мушкил гӯё вуҷуд надошта бошад. Ин дар ҳолест, ки Қирғизистони имрӯз дар дохили худ сахт аз фасоди густурда, қатлҳои сиёсӣ, гурӯҳбозӣ, фақр, фалаҷ гардидани шохаҳои ҳокимият, беқонунӣ, ҳокимияти роҳбарони ҷиноятпешаву ҷангҷӯе, ки солҳо аз зиндонҳо ва муассисаҳои ислоҳии ин кишвар дар муҷозот буданд, сахт ранҷ мебарад.
Дар ин суханронии бемантиқ, дурӯғ, туҳмат, ботил, хашин, муғризона, ғайриодилона ва шармовар, ки тамоман аз меъёрҳои байналмилалии дипломатӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсониву ҳусни ҳамҷаворӣ берун аст, барои ҷомеаи байналмилалӣ ва афкори умумии ҷаҳонии берун аз шуури қирғизӣ сафсаттае беш набуда, ҷаҳони мутамаддин ва мардумони оқилу таҳлилгару бомаърифаташ, ба хусус дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ тамоман беэътибор хоҳанд донист. Зеро туҳмат, дурӯғ, фикрҳои беасноду душманона дар равобити байналмилалӣ ягон эътибори худро пайдо нахоҳад кард.
Ӯ мегӯяд, ки «мо оташбасро нақз накардем ва мо аз ҳамлаи артиши тоҷикон маҷбур шудем беш аз 140 ҳазор шаҳрвандони худро ба макони амн кӯчонем» ва чунин ҳарфҳои монанд ба афсонаи «Калли зирак»-и тоҷикон, ки чунин андешаҳо аз забони Садир Жапаров садо доданд ва ӯ аз ҷомеаи ҷаҳон кӯмак хост. Яъне, ӯ дар қазияҳои ба вуҷудомадаи марз танҳо Тоҷикистонро муттаҳам менамояд. Аммо далелҳои бадастомада ва ҳодисаҳои рӯзҳои охири дар хатти марзи Тоҷикистон иттифоқафтода нишон медиҳад, ки низомиён ва сарбозони қирғиз бо маслиҳат ва тайёрии пешакӣ ва бо истифода аз аслиҳаи ғайри муҷоз ва буздилона аз аҳду паймони худ вафо накарда, тамоми он равандҳои музокироти марзии пеш иттифоқафтодаро зери по гузошта, бидуни ягон огоҳӣ ба маҳаллаҳо ва маконҳои аҳолинишин ва мактабу масҷиди намозгузорон ҳамлаи васеи низомиро роҳандозӣ намуда, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба шумули занону кӯдакону сарбозон ба қатл расониданд.
Ҳарчанд, ки Конститутсияи Қирғизистон исломро ҳамчун дини эътирофшудаи қирғизҳо ва эътиқоди мусалмонаш медонад, аммо ҳамлаи низомиёни қирғиз ба масҷид, яъне хонаи Худо, воқеъ дар ноҳияи Исфараи Тоҷикистон, аз авҷи терроризму даҳшатафканӣ, ҷангҷӯӣ ва ифротгароии хушунатомез шаҳодат медиҳад.
Ӯ тасаввур мекунад, ки ҷомеаи байналмилалӣ ба узрхоҳиву мисли як «зан» шаттоҳиву пешдастӣ кардани онро бовар мекунад. Ҷомеаи байналмилалӣ аз ибтикор ва ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи таъмини сулҳи ҷаҳонӣ, амнияти минтақавӣ, решакан намудани терроризм ва ифротгароии хашин, қочоқи инсон ва пешгирӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир иттилоъи комил дошта, давоми солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки даҳҳо конфронсҳои сатҳи баланди байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯҳои терроризму ифротгароӣ, пешгирӣ аз муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирӣ аз сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро баргузор гардидааст.
Дар Қирғизистон, ки зиёда аз 310 сол боз истиқлолият дорад, аз сабаби нооромиҳои дохилӣ, фирори президентҳо, лату куби роҳбарони сиёсӣ, тазоҳуроти мардумӣ зидди коррупсия ва ришвахорӣ ва ғайра ягон конфронсҳои пурманфиати ҷаҳонӣ дар асоси ягон ташаббуси созанда дар сатҳи баланди байналмилалӣ баргузор нагардидааст. (Ба ҷуз як мусобиқаи пуртантанаи бузкашӣ бо иштироки аспсаворону човандозони қабилаҳои туркии Осиёи Марказӣ). Дар инҷост, ки байни Қирғизистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ то ҷое холигӣ ва бе ӯиззатӣ ба назар мерасад.
Агар Жаппаров ҳақ мебуд, чаро ба саволҳои намояндагон посух надод? Чаро нагуфт, ки агар ҳамларо Тоҷикистон оғоз карда бошад, чаро боз дар дохили Тоҷикистон созишнома бастанд, на дар ҳудуди ҷониби даъвогар? Агар мо оғоз кардем, чаро бесарнишинҳои қирғиз дар ҳарами ҳавоии кишвари мо гаштанд? Агар мо оғоз кардем, чаро қирғизҳои муқими Тоҷикистон алйҳи ҳаммилатонашон овоз баланд карда, рафтори онҳоро маҳкум карданд? Агар мо оғоз кардем, чаро Мадумаров Ташиеву Жаппаровро қотил хонд7 Чаро чандин намояндагони қирғизҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз яроқнокшавии маҷбуриашон шикоят карданд? Чаро зани қирғиз «моро бо ҳамсоя ҷанг наандозед, Жаппарову Ташиев» гуфта мегирист? Миллиардҳо чарое ҳастанд, ки дурӯғгӯии Жаппаровро исбот мекунанд.