1-уми октябри соли ҷорӣ дар толори «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рӯзи омӯзгорон» дар сатҳи баланд ва фазои тантанавӣ таҷлил гардид, ки дар он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм ва зерсохторҳои он, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, директорони муассисаҳои мақоми ҷумҳуриявидошта, ғолибони озмунҳо, собиқдорон ва директорону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии тамоми шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Қабл аз оғози чорабинӣ иштирокдорон аз намоишгоҳи дастовардҳои соҳаи маориф, ки аз ҷониби муассисаҳои тобеи вазорат ва муассисаҳои таълимӣ ташкил шуда буд, дидан намуданд. Сипас, то оғози чорабинӣ тавассути видеонавор барои иштирокдорон дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои Истиқлоли давлатӣ ба намоиш гузошта шуд.
Дар маросими ифтитоҳӣ, нахуст, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро иштирокдорон ва кулли омӯзгорон, кормандону алоқамандони соҳаи маорифро ба «Рӯзи омӯзгорон» табрику таҳният гуфта, зикр кард, ки соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз самтҳои афзалиятнок эътироф гашта, таваҷҷуҳи асосӣ ба пешрафт ва дастгирии омӯзгорону устодон равона карда шуд.
Сипас, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати «Рӯзи омӯзгорон»-ро ба самъи иштирокдорон расонид. Зикр гардид, ки Ҳукумати мамлакат дар сиёсати иҷтимоии худ мактабро макони муқаддас ва омӯзгорро шахси мафкурасозу тарбиягари насли инсонӣ эътироф мекунад. Зеро фаъолияти босамари омӯзгорони асилу ватандӯст муҳимтарин омили соҳиби саводу маърифат, илму дониш ва касбу ҳунар гардидани ҳар як фарди ҷомеа ва рушду тараққиёти муназзаму устувори давлат мебошад.
Маҳз ба ҳамин хотир, давлат ва Ҳукумати мамлакат ба рушди бонизоми соҳаи маориф, баланд бардоштани мақому манзалати аҳли маориф ва муҳайё намудани шароити муосиру мусоидро барои омӯзиши илму дониш ба шогирдони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳо аз ҷумлаи афзалиятҳои асосӣ дониста, ҷиҳати таҳкиму тақвияти ин соҳаи муҳимми иҷтимоӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.
Дар идома, дар фазои тантанавӣ ба се нафар собиқ вазирони маориф ва илм “Ҷоизаи Аббос Алиев”, барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, гузоштани саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ба 21 нафар нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ба 10 нафар «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, ба як 125 нафар собиқадорони соҳаи маориф аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофоти пулӣ тақдим карда шуд.
Дар охир, барномаи фарҳангии устодони ҳунар ва таълимгирандагони Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе пешниҳоди иштирокдорони чорабинӣ гардонида шуд.