
Намояндагони ниҳодҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳои истеҳсоли орд ва бахши хусусии ин кишвар зимни сафари чаҳоррӯзаи омӯзишӣ ба кишварамон бо ҷараёни амалишавии раванди ғанисозии орди гандумӣ шинос гардиданд. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар такя ба рӯзномаи «Овози тоҷик» иттилоъ медиҳад.
Ин сафар аз ҷониби Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Дар ҷараёни сафари омӯзишӣ иштирокчиён вобаста ба заминаҳои ҳуқуқӣ, таҷриба, дастовардҳои корхонаҳои истеҳсоли орд оид ба ғанигардонии орди гандумӣ дар Ӯзбекистон, хариди микроэлементҳо ва дастгирии корхонаҳои истеҳсоли орд маълумот гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамсоякишвари мо дар самти ғанигардонии ғизо бо минералҳо ва витаминҳо, аз ҷумла ордигандумӣ таҷрибаи назаррас дорад.