Дар доираи иҷрои банди 15-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни боздид аз иншооти шаҳри Душанбе 1 сентябри соли 2021 баён доштанд, раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули академии донишҷӯён ва такмили ихтисоси омӯзгоронро дар хориҷи кишвар роҳандозӣ намуд.
Айни замон 12 нафар донишҷӯён ва 3 нафар омӯзгорон дар доираи шартномаҳои басташуда ба Донишгоҳи идоракунии «ТИСБИ» ва Донишгоҳи фарҳанги Қазон сафарбар гардиданд. Таҳсили донишҷӯён ва такмили ихтисоси омӯзгорон дар донишгоҳҳои болозикр тӯли панҷ моҳ идома меёбад.
Ёдовар мешавем, ки 2 нафар донишҷӯи Донишгоҳ шурӯъ аз 15 сентябри соли ҷорӣ таҳсили худро дар Донишгоҳи миллии Авруосиё ба номи Л.Н. Гумилев-и Қазоқистон идома дода истодаанд.
Раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва саҳибкории Тоҷикистон тасмим дорад то охири соли 2022 беш аз 100 нафар донишҷӯён ва 30 нафар омӯзгоронро ҷиҳати табодули академӣ ва такмили ихтисос ба Донишгоҳҳои бонуфӯзи хориҷи кишвар сафарбар намояд.