Имрӯз дар доираи сафари кории роҳбарияти Ҷумҳурии Белорусия ба Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Белорусия Швед Андрей Иванович ба шаҳри Турсунзода ташриф овард. Меҳмони олиқадрро намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода пазироӣ намуданд.
Прокурори генералии Ҷумҳурии Белорусия Швед Андрей Иванович зимни ташрифи худ ба шаҳри Турсунзода аз майдони ангурзори хоҷагии «Боғи Сомон» ва хоҷагии деҳқонии «Ватан» дидан намуда ба фаъолияти аҳли заҳмати деҳқонон баҳои баланд дод. Меҳмонон баъди шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагии «Боғи Сомон» ба хоҷагии «Ватан» ташриф оварданд.
Хоҷагии деҳқонии “Ватан” соли 2008-ум таъсис ёфта, дорои 45 гектар замин мебошад. Хоҷагӣ 165 нафар саҳмдоронро сарҷамъ намуда, дар токзори он 10 намуд, асосан ангурҳои навъи “Президент”, “Истиқлол”, “Ҳусайнии сиёҳу сафед”, “Ғалаба”, “Шоҳона”, “Пешпазак” ва “Кишмиши сиёҳу сафед” парвариш карда мешавад. Бояд гуфт, ки аз соли 2020 дар Хоҷагии деҳқонии “Ватан” парвариши навъи нави ангури “Президент” ба роҳ монда шуд.
Роҳбарии хоҷагии “Ватан”-ро деҳқони ботаҷриба ва токпарвари шинохтаи ҷумҳурӣ Неъматҷон Усмонов ба ӯҳда дорад.