Аз 12 то 16 октябр ҳайати дувоздаҳнафараи Иттифоқи журналистони Ўзбекистон бо сарварии раиси он Олимҷон Усаров меҳмони Тоҷикистон мегарданд. Сафари ҳайати бонуфузи Иттифоқи журналистони Ўзбекистон аз вилояти Суғд оғоз ёфта, дар шаҳрҳои Душанбеву Турсунзода, Нораку Данғара ва Панҷакент идома меёбад. Ҳамкасбони мо дар доираи ин сафар бо дастовардҳои кишвари мо дар солҳои истиқлоли давлатӣ ошно гардида, бо ҳамкасбони худ дар толори Академияи ВАО вомехӯранд. Дар ин бора Зинатулло Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон иттилоъ дод.
Рўзи аввали сафар дар вилояти Суғд меҳмонон аз Кохи матбуот ва идораи телевизиион ва радиои вилояти Суғд боздид намуда, бо ҳампешагони худ мулоқот мекунанд. Сипас онҳо ба минтақаи озоди иқтисодии Суғд рафта, бо корхонаҳои нави саноатӣ ошно мегарданд. Инчунин журналистони ўзбекистонӣ ба шаҳри Гулистон сафар мекунанд ва бо навгониҳои шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” шинос мешаванд.
Дар баробари силсилаи дидору боздидҳо аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурии мо журналистони ду кишвар масоили табодули таҷриба, такмили ихтисоси кормандони ВАО ва дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ хоҳанд кард. Сафари ҳайати Иттифоқи журналистони Ўзбекистон, ки то 16 октябр идома меёбад, бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳрҳои Душанбеву Турсунзода амалӣ мешавад.
Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои ду кишвар — Тоҷикистон ва Ўзбекистон марҳилаи сифатан навро касб намудаанд. Аз ҷумла, рўзи 7 майи соли 2022 дар шаҳри Тошкент Меморандуми ҳамкорӣ миёни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Ўзбекистон ба имзо расонида шуд. Дар асоси ин созишнома ҳар сол як маротиба ҳайатҳои эҷодӣ бояд ба кишварҳои ҳамдигар сафар намоянд.