11-уми октябр дар чорчӯбаи Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Беларус, ки баҳри вусъат додани ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои сиёсат, тиҷорат, иқтисод, фарҳанг, маориф ва ғайра барпо гардида истодааст, байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва ду Донишгоҳи бонуфузи Ҷумҳурии Белорус шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Шартномаҳо бо Донишгоҳи давлатии Гродно ба номи Я. Купала ва Донишгоҳи давлатии Брест ба номи А.С. Пушкин баста шуда, мақсади онҳо амалигардонии сафарбаршавии академӣ, курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, таҷрибаомӯзиву омода гардонии кадрҳои илмӣ-педагогӣ мебошанд.