Имрӯзҳо дар хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғд ҷамъоварии пахта муташаккилона идома дошта, ба ҳолати 11 октябр нақшаи истеҳсоли пахта 62,2 фоиз иҷро шудааст.
Тибқи маълумоти фаврии Сарраёсати кишоварзии вилоят ҳамарӯза дар навоҳии пахтакор 3060 тонна пахта чида шуда, аз аввали мавсим 83236,5 тонна «тиллои сафед» ба хирман супорида шудааст.
Пахтакорони ноҳияҳои Ашт то имрӯз 9377 тонна, Бобоҷон Ғафуров 14631 тонна, Ҷаббор Расулов 8400 тонна, Зафаробод 15544 тонна, Конибодом 8393 тонна, Мастчоҳ 15382 тонна, Спитамен 11509 тонна пахта истеҳсол намудаанд.
Ҷамъоварии ҳосил дар навоҳии пахтакори вилоят идома дорад.