Владимир Понявин, директори Кумитаи байналмилалии Бозиҳои Делфӣ имрӯз ба Тоҷикистон омад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба радиои «Овози тоҷик» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, Тоҷикистон 320 ширкаткунандаро аз рӯи ҳамаи номзадҳо аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қабул мекунад.
Мамлакати моро дар он 160 нафар намояндагӣ хоҳанд кард.