15 октябр дар шаҳри Москва Форуми байналмилалии ҷавонон таҳти унвони «Дӯстии халқҳо» баргузор мегардад. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар такя ба портали иттилоотии ИДМ иттилоъ медиҳад.
Чорабиниро созмонҳои ҷавонони кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон, инчунин Бунёди дастгирии дипломатияи ҷамъиятии ба номи А. Горчаков ва Донишгоҳи давлатии лингвистии Москва (МГЛУ), ки дар заминаи он Форум барпо мегардад, ташкил кардаанд.
Дар кори Форум намояндагиҳои дипломатӣ ва диаспораҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия масъалаҳои сиёсати муҳоҷират, қонунгузорӣ ва кор бо ҷавононро баррасӣ мекунанд.
Инчунин, Бунёди Горчаков барои иштирокчиён оид ба дипломатияи ҷамъиятӣ оид ба лоиҳаҳои байналмилалӣ лексия ва дарсҳои маҳорат баргузор мекунад. Омӯзгорон ва олимони ҷавони Донишгоҳи давлатии лингвистии Москва якҷоя бо меҳмонон сиёсати ҷавонон, рушд ва дурнамои онро баррасӣ мекунанд ва соҳибкорони ҷавон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бораи касбу кори худ нақл мекунанд.
Меҳмонони Форум, ҳамзамон, намоишгоҳи фарҳангу либоси миллӣ, бозиҳои миллӣ, консерт ва таомҳои миллии мардуми Осиёи Марказӣ ва Русияро тамошо мекунанд