Жан-Ив Ле Дриан, вазири корҳои хориҷии Фаронса «Толибон»-ро ба дурӯғгӯӣ муттаҳам кард ва гуфт, ки кишвараш ҳукумати таъсисдодаи ин гурӯҳро ба расмият намешиносад. Дар ин бора хабаргузории «Reuters» иттилоъ дод.
Тавре ки ин хабаргузорӣ навишт, Вазорати корҳои хориҷии Фаронса изҳор намудааст, ки «Толибон»* ба ваъдаи худ ҷиҳати таъсиси ҳукумати ҳамашумул ва иҷозаи хуруҷи озоди хориҷиён ва ҳар нафаре, ки мехоҳад тарки Афғонистон кунад, вафо накарданд. Аз ин лиҳоз, Фаронса бо ҳукумате, ки «Толибон»* таъсис додаанд, намехоҳад робита дошта бошад, гуфтааст Жан-Ив Ле Дриан.
“Онҳо («Толибон»*) гуфтанд, ки ба баъзе аз хориҷиён ва афғонҳо иҷозаи хуруҷи озод медиҳанд ва дар бораи ҳукумати фарогиру ҳамашумул гуфтанд, аммо онҳо дурӯғ мегӯянд”, — гуфтааст вазири корҳои хориҷии Фаронса.
Фаронса дуюмин кишварест, ки ошкоро аз эътироф накардани ҳукумати таъсисдодаи «Толибон»* хабар медиҳад. Қаблан Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда буд, ки ҳукумати Толибонро ба расмият намешиносад. Душанбеи расмӣ таъсиси ҳукумати фаромиллиро бо қоил шудани ҷойгоҳи сазовор ба қавмҳои ғайрипаштун, аз ҷумла тоҷикон, ки 46 дарсади ҷамъияти Афғонистонро ташкил медиҳанд, шарти асосии эътирофи ҳукумати ин гурӯҳ гуфта буд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам Фаронса аз «Толибон»* инчунин, эҳтироми ҳуқуқи башар, аз ҷумла ҳуқуқи занонро талаб доранд.
Ёдовар мешавем, ки Толибон бо гузашти беш аз як сол аз ғасби қудрат дар Афғонистон то ҳол ба ваъдаи додаи худ дар мавриди ташкили ҳукумати қонунманд, таъмини амният ва маҳви маводи мухаддир амал накарданд.
*»Толибон» дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.