12 октябри соли 2022 ҷиҳати омодагӣ ба 15-умин Нишасти Форуми ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея, ки 25-26 октябри соли 2022 дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ дар шаҳри Бусани Ҷумҳурии Корея баргузор хоҳад гардид, мулоқоти муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.
Дар нишасти мазкур муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим ширкат ва суханронӣ намуд.
Зимни он ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳоро дар асоси самтҳои рӯзномаи ҷаласаи Форум – тандурустӣ, ҳамкории рақамӣ, сайёҳӣ, амнияти иқтисодӣ, муҳити зист ва энергетика, инчунин лоиҳаи Изҳороти муштарак ва Нақшаи кории Котиботи Форумро барои соли 2023 баррасӣ намуданд.