12 октябр дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус таҳти унвони «Дурнамои инкишофи ҳамкории байнидонишгоҳии Тоҷикистон ва Беларус» баргузор гардид. Дар ин бора Бахтиёри Қутбиддин, декани факултети журналистикаи ДМТ дар саҳифаи Фейсбук хабар дод.
Дар форум Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, Вазири маорифи Ҷумҳурии Беларус Андрей Ивантс, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Беларус ва омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат иштирок намуданд.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода иброз дошт, ки дар самти ҳамкории дуҷониба миёни ҳукуматҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Беларус ва муассисаҳои таҳсилоти олию илмии ин кишварҳо якчанд созишномаҳо ба тасвиб расидаанд. Хусусан дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарду кишвар 19 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ мусоидат менамоянд. Дар баробари ин баргузор намудани Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ду кишвар имкон фароҳам меорад, ки лоиҳаҳои гуногуни илмӣ татбиқ шуда, табодули таҷриба сурат гирад.
Вазири маорифи Ҷумҳурии Беларус Андрей Ивантс иброз кард, ки “дар ҷараёни вохӯрии роҳбарони олии ду кишвар – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар назди мо ба таври мушаххас масъалагузорӣ шуд, ки ҳамкорӣ дар самти маориф ва илм ҷоннок карда шуда, барои рушди иқтисодиёти ду кишвар мутахассисони варзидаю соҳибкасб омода карда шаванд. Зиёд намудани теъдоди бурсияҳои таҳсилӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таъсиси филиали яке аз донишгоҳҳои Беларус дар шаҳри Душанбе аз ҷумлаи иқдоме ҳастанд, ки мехоҳем дар оянда амалӣ намоем”.
Зимнан гуфта шуд, ки сафари навбатии Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Тоҷикистон саҳифаи тозаеро дар таърихи ҳамкорӣ боз хоҳад кард. Ин боз як далели босуръат инкишоф ёфтани муносибатҳои дӯстонаи дуҷониб дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ мебошад. Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ташрифи намояндагони давлатҳои ҳамкор аст, ки барои таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд корҳои назаррас анҷом медиҳанд.
Дар қисмати дуюми форум барномаи фарҳангии омоданамудаи ансамбли халқии «Наврӯз»-и ДМТ, ки аз рақсу сурудҳои рангину тамошобоб иборат буд, пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Баъд аз баргузории форум ва суҳбату мулоқоти хосса ҷонибҳо ҳамчун рамзи дӯстӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Ҳамчунин вазирони маорифи кишварҳо аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар бинои таълимии факултетҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, дидан намуданд. Дар Осорхонаи Пешвои миллат нигораҳои давраи таҳсили Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин боргоҳи илм гирд оварда шудаанд.