«Осиёи Марказӣ аввалин намунаи муваффақи минтақавии Стратегияи ҷаҳонии зиддитеррористии СММ-ро бо қабули Нақшаи амалиёти муштарак оид ба татбиқи он барои оламиён нишон дод. Дар кшварҳои Осиёи Марказӣ системаҳои миллии муқовимат ба терроризм ташаккул ёфта, стратегияҳои амалиёти кишварҳо таҳия шудаанд, ки ба тавсияҳои СММ комилан мувофиқанд», — изҳор дошт вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Владимир Норов зимни Конфронси байналмилалии сатҳи баланд зери унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон» имрӯз дар Душанбе. Дар ин бора Мирсаид Сатториён, мухбири радиои «Овози тоҷик» иттилоъ медиҳад.
Ба гуфтаи ӯ, Норов таъкид кард, ки дар Осиёи Марказӣ дар солҳои охир ҷиҳати таҳкими ризоияти минтақавӣ оид ба принсипҳо ва равишҳои муштарак дар мубориза бо терроризм, эҷоди механизмҳои муассири ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар ин замина, густариши табодули таҷриба ва иттилоот натиҷаҳои назаррас ба даст омадаанд.
«Замини устувори иқдомоти муштарак барои мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои муштарак дар минтақа принсипи асосии равобити наздики кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад, ки ба принсипҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, эҳтироми мутақобила ва эътимод асос ёфтаанд. Мулоқоту машваратҳои сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба татбиқи иқтидори бузурги кишварҳои мо дар таъмини амнияти минтақа мусоидат мекунанд», — гуфт Владимир Норов.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷаласаи машваратӣ, ки 21 июли соли ҷорӣ баргузор шуд, Аҳдномаи таърихии дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ барои рушди Осиёи Марказӣ дар асри 21 қабул шуда буд.
Қабули қатъномаҳои «Тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ барои таъмини сулҳу субот ва рушди устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ» аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ «Таҳкими робитаҳои мутақобила байни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ» «Осиёи Марказӣ — минтақаи сулҳ, боварӣ ва ҳамкорӣ», ки бо ташаббуси Узбекистон ва дигар мамлакатҳои минтақа ташкил карда шудааст, эътирофи байналмилалии амиқтар шудани шарикии кишварҳои минтақа мебошад.
Владимир Норов гуфт, ҷониби Узбакистон ба пуштибонии минбаъдаи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои равандҳои наздикшавӣ ва ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамгироии минтақа ва робитаҳои иқтисодию нақлиётии ҷаҳон умед дорад.