Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш дар паёми видеоии худ имрӯз дар ҷараёни Конфронси байналмилалии сатҳи баланд зери унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон» гуфт: «Дар асоси Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид вазифаи мо татбиқ кардани таҳаммулпазирӣ, муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, таъмини амнияти сарҳад, ҳимояи ҳуқуқи инсон ва пешгирии убури сарҳад аст«. Дар ин бора Мирсаид Сатториён, мухбири радиои «Овози тоҷик» иттилоъ медиҳад.
Ба гуфтаи Антониу Гутерриш, чолиш дар марзҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои созмонёфта, таҳдид ба ҷаҳони муосир мебошанд.
«СММ ва дигар созмонҳо дар ин самт роҳҳои ҳалли муштараки ҳамоҳангшударо пешниҳод мекунанд. Ин аз мо талаб мекунад, ки ба таври дастаҷамъона ба масъала назар кунем ва сабабҳои аслии радикализатсияро дарк кунем. Созмони Милали Муттаҳид ӯҳдадор аст, ки дар ҳамкории мустақим якҷоя ба хотири сулҳ, рушди устувор ва ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он кор кунад”, — афзуд Дабири кулли СММ.