Дар доираи ҳамкориҳо аз санаи 9 то 14-уми октябр ҷиҳати иштирок дар озмун ва олимпиадаҳои байналмилалӣ як зумра донишҷӯёни ДМТ бо роҳбарии декани факултети молиявию иқитисодӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Иброҳимзода И.Р. ба шаҳри Сириуси Федратсияи Россия сафар намуданд.
Рӯзи аввал донишҷуёни ДМТ бо роҳбарии профессор Иброҳимзода И.Р. дар ҳамоиши “Таълим ва рушди касбият дар соҳаи бехатарии молиявӣ – муқобилият ба пулшӯӣ/ терроризми молиявӣ (МШП/ТМ)” – и муассисаҳои узви Донишгоҳҳои байналхалқии шабакавӣ дар соҳаи МБП/ТМ иштирок намуданд, ки дар он 47 донишгоҳҳо, аз 12 давлатҳои ИДМ ва БРИКС, аз се қитъаи олам Америкаи Ҷанубӣ, Африка ва Евразия, намояндагони Иктишоф (разведка) — и молиявии 12 давлат, 5 бонкҳои давлативу тиҷоратии Федератсияи Россия ширкат ва дастовардҳоро ба намоиш гузоштанд. Ҳамчунин, дар донишҷӯён дар маросими кушодавшаии Олимпиада бо иштироки зиёда аз 1000 нафар мактаббачгон, донишҷӯён, устодону кормандони иктишофи молиявӣ, бонкҳо, Росфинмонитроинг, Вазорати молия ва маориф ва илми Федератсияи Россия ва дигар муассиаҳои молиявӣ ширкат варзиданд.
Инчунин, санаи 10 октябри соли 2022 дар конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони “Саводнокии молиявӣ, бахшида ба 220-солагии Вазорати молияи Федератсияи Россия: “Низоми муттасили ташаккули саводнокии молиявии аҳолӣ: таҷрибаи кишварҳои ИДМ”, ки бо иштироки муовини Вазири молияи Федератсияи Россия баргузор гардид, д.и.и., профессор декани факултети молиявию иқтисодӣ Иброҳимзода И.Р. иштирок ва суханронӣ намуданд. Донишҷӯён, Неъматзода Бадриддин Шариф дар семинари илмӣ таҳти унвони “Амнияти молиявӣ дар бахши бонкӣ: саҳми муассисаҳои молиявӣ дар баланд бардоштани шаффофияти иқтисодӣ”, Давронов Илёс Отакулович дар семинари илмӣ таҳти унвони “Амнияти молиявӣ — гарави устувории давлат ва шароити мусоиди зиндагии шаҳрвандон” ва Зайнудинова Зулҳиҷа Ҷаҳонгировна ва Раҳимова Маъмура Қурбоналиевна дар семинари илмӣ таҳти унвони “Ҷузъи байналмилалӣ дар таъмини амнияти молиявӣ” иштирок намуданд. Илова бар ин, донишҷӯёни ДМТ дар Мастер- классҳои зерин иштирок намуданд: “Арзёбии самаранокӣ ва гардиши пулии лоиҳаи сармоягузорӣ бо назардошти хавф”, “Мубодилаи автоматии байналмилалии иттилооти молиявӣ” ва “Оё муштариро дар назди танзимгар «хоб кардан» лозим аст, агар муштарӣ «ба даст афтад» корманди комплансро дар вақти фаъолият? Технологияҳои нав дар соҳаи МБП/ТМ”, “Тафтишоти бонкӣ оид ба муомилоти криптовалютӣ”.
Санаи 11 октябри соли 2022 профессор Иброҳимзода И.Р. дар қисмати пленарии Форуми байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ таҳти унвони “Сириус-2022” иштирок ва оид ба “Баланд бардории маърифати молиявии аҳолӣ ва ҳимояи шаҳрвандон аз иштирокчиёни ғайриқонунии бозори молиявӣ” суханронӣ намуданд.
Дар Олимпиадаи байналмиллалӣ аз руйи бахшҳои зерин бо иштироки донишҷӯёни донишгоҳҳои узви Донишгоҳҳои байналхалқии шабакавии дар соҳаи МБП/ТМ аз 47 донишгоҳҳои давлатҳои ИДМ ва БРИКС баргузор гардид:
Бахши иқтисодиёт, молия ва қарз, иқтисоди бехатарӣ – 120 нафар;
Бахши ҳуқуқшиносӣ – 90 нафар;
Бахши бехатарии иттилоотӣ – 30 нафар;
Бахши муносибатҳои байналхалқӣ – 40 нафар.
Дар Олимпиада аз ДМТ донишҷӯёни зерин дар равияҳои гуногун иштирок намуда, сазовори ҷойҳои зерин гардида, бо диплом ва шаҳодатномҳо қадрдонӣ шуданд:
Дар бахши иқтисодиёт, молия ва қарз, иқтисоди бехатарӣ – Раҳимова Маъмура Қурбоналиевна – ҷойи ифтихорӣ — шаҳодатнома;
Дар бахши ҳуқуқшиносӣ – Давронов Илёс – ҷойи ифтихорӣ — шаҳодатнома;
Дар бахши бехатарии иттилоотӣ – Неъматзода Бадриддин Шариф– ҷойи дуюм – диплом ва туҳфаи хотиравӣ;
Дар бахши муносибатҳои байналхалқӣ – Зайниддинова Зулҳиҷа– ҷойи ифтихорӣ — шаҳодатнома.
Ҳамзамон, донишҷӯёну магистрони ДМТ дар ҳамоишҳои гуногуни варзишии ташкилнамудаи муассисони Олимпиадаи байналмилалӣ иштирок ва ҳунарнамоӣ намуданд.
Донишҷуёни ДМТ санаи 12 октябри соли 2022 дар бозиҳои нақшавии таълимию касбии “Маркази байналмилалӣ” иштирок намуданд. Инчунин, санаи мазкур донишҷӯёни ДМТ дар бозии таълимию касбии “Графус” фосилавӣ, пахши озмуни тафтишоти молиявӣ дар доираи Маркази байналмилалии арзёбии хатар дар доираи гурӯҳҳои 50 нафарагӣ дар ҳайати 5 гурӯҳ шомил шуда, иштирок варзиданд.
Санаи 13 октябри соли 2022 донишҷуёни ДМТ дар Мастер-классҳои зерин иштирок намуданд; “Иктишофи молиявӣ: ба огоҳкунӣ роҳ дода нашавад”, “Ҷаҳонро дар як донишгоҳ кушоед” ва ғ.
Инчунин, дар санаи мазкур декани факултети молиявию иқитисодӣ Иброҳимзода И.Р., дар 17 – умин нишасти Шурои байналмилалии Донишгоҳҳои байналмиллалии шабакавӣ дар соҳаи мубориза бар зидди расмикунонии даромадҳое, ки тавассути роҳҳои ҷиноятӣ ва маблағгузории терроризм ба даст омадаанд, ширкат варзида, оид ба тартиби гузаронидани даври аввали Олимпиадаи байналмилалӣ дар ДМТ, гузаронидани ҳамоиши “Таълим ва рушди касбият дар соҳаи бехатарии молиявӣ – муқобилият ба пулшӯӣ/ терроризми молиявӣ (МШП/ТМ)” – и донишгоҳҳои узви Донишгоҳҳои байналмиллалии шабакавии дар соҳаи МБП/ТМ дар санаи 15-16-уми сентябри соли 2022 баромад намуда, оид ба такмили кори Олимпиада ва ҳамкориҳои Донишгоҳҳои байналмиллалии шабакавӣ таклифҳо намуданд. Ҳамзамон, дар кори ҷаласа як қатор донишгоҳҳои нав ба ҳайси узви Донишгоҳҳои байналмиллалии шабакавӣ қабул карда шуданд. Дар ҷаласаи мазкур аз ҷониби Раиси Шурои Донишгоҳҳои байналмилалии шабакавӣ, Раиси Хадамоти Федералии мониторинги молиявӣ Чиханчин Ю.А., д.и.и., профессор, декани факултети молиявию иқитисодӣ Иброҳимзода И.Р. бо “Ифтихорнома”-и ифтихорӣ барои саҳми шахсӣ дар рушди Донишгоҳҳои байналмилалии шабакавӣ дар соҳаи МБП/ТМ ва ташкили Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ қадршиносӣ гардид. Инчунин, аз ҷониби д.и.и., профессор, декани факултети молиявию иқитисодӣ Иброҳимзода И.Р. ба раиси Хадамоти Федералии мониторинги молиявӣ, Директори генералии Донишгоҳҳои байналмиллалии шабакавӣ ва расикунандаи Олимпиадаи байналмиллалӣ бо туҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи ДМТ қадршиносӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки дар озмуни ВАО (Медийний) донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси идораи инвеститсияҳои хориҷӣ Зайниддинова Зулҳиҷҷа дар байни донишгоҳҳои давлатҳои ИДМ ва БРИКС сазовори ҷойи дуюм гардида, бо шаҳодатнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардид.
Санаи 14 октябри соли 2022 маросими ҷамъабасти Олимпиадаи байналмилаӣ баргузор гардида, натиҷагирии ниҳоии олимпиада ва мукофотонидани иштирокчиён, ҳамзамон барномаи фарҳангӣ дар боғи олимпӣ сурат гирифт.