«Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин конфронс ба мо як навъ васила ва равишҳои муайянеро дар мубориза бо терроризм нишон дод. Вай дурнамои стратегии ҳамкорӣ бо шарикон дар мубориза бо ин падидаи номатлуб — вабои асрро қайд кард», — гуфт роҳбари Маркази умумиҷаҳонии мубориза зидди терроризм ва экстремизм — «НЕДАЙАН», раиси Кумита оид ба мудофиа, корҳои дохилӣ ва хориҷии Шӯрои федералии Амороти Муттаҳидаи Араб доктор Али Рошед Ал — Нуайм.
Ба гуфтаи мавсуф, меҳвари аслии суханронии Эмомалӣ Раҳмон даъвати кишварҳои ҷиҳати муборизаи дастаҷамъона бо терроризм буд. “Эмомалӣ Раҳмон дуруст гуфт, ки ин масъала набояд дар доираи маҳдуд баррасӣ шавад, балки барои рафъи ин ҳамкории васеи ҳамаи давлатҳои ҷаҳон зарур аст. Сарвари давлати Тоҷикистон таҷрибаи кишварашро дар роҳи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ ва расидан ба сулҳу субот дар давраи вазнини ҷанги шаҳрвандӣ мисол овард, ки барои ҳамаи иштирокчиён хеле муфид буд. Конфронс аз он сабаб пурсамар аст, ки дар он олимон ва мутахассисони байналмилалие, ки дар ин соҳа фаъолият доранд, иштирок доранд”.
Ба таъкиди доктор Али Рошед Ал – Нуайм, дар фарҷоми чорабинӣ қабули «Эъломияи Душанбе оид ба амният ва ҳамкорӣ дар соҳаи маъмурияти сарҳад бо мақсади мубориза бо терроризм ва ҷилавгирӣ аз ҳаракати террористон» дар назар аст. Он дурнамои мубориза бо терроризмро таъкид хоҳад кард.
“Бе муболига метавонам бигӯям, ки он метавонад дар мубориза бо таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ барои кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ роҳнамо гардад», — иброз дошт доктор Али Рошед Ал — Нуайм.