20 октябри соли 2022 дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея ҷаласаи панҷуми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Корея оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ таҳти ҳамраисии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ва муовини вазири корҳои хориҷии Корея баргузор гардид. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати рушди иқтисод ва авдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин (Роҳбари ҳайат), Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод, муовини Вазири молия Қурбониён Сарвар, муовини Вазири энергетика ва захираҳои об Сафарзода Манучеҳр, сардори Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдо Дилшод Шарифи, Таваралиев Эраҷ сармутахассиси Раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Шӯъбаи сармоягузории Вазорати нақлиёт Нурулло Суҳроб, инчунин соҳибкорони муваффақи ватанӣ шомил буданд.
Завқизода З. А. қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Кореяи Ҷанубӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
Дар ҷаласа ба ҷониби Кореяи Ҷанубӣ барои маблағгузории соҳаҳои иқтисоди миллӣ, шомил намудани Ҷумшурии Тоҷиқистон ба рӯйхати кишварҳои афзалиятнок барои сармоягузорӣ дар панҷ соли оянда ва таъсиси намояндагии доимии KOICA дар Тоҷикистон минатдорӣ баён намуда, дархост карда шуд, ки дар вазъи мураккаби глобалии иқтисодию молиявии имрӯза маблағгузориҳои лоиҳаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври назаррас зиёд карда, барои татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои афзалтиятноки иқтисоди миллӣ ба монанди саноат, энергетика, нақлиёт, тандурустӣ, кишоварзӣ, иқтисоди рақамӣ, тағйирёбии иқлим, сайёҳӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва омода намудани мутахассисони кишвар дар донишгоҳҳои Кореяи Ҷанубӣ мусоидат намоянд.
Илова бар ин аз ҷониби Кореяи Ҷанубӣ дархост гардид, ки бо назардошти имкониятҳои васеи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ашёи хоми фаровон, қувваи кории рақобатпазир ва барқи сабзи арзон барои таъсиси корхонаҳои истеҳсоли мошинҳо ва таҷҳизоти электрикӣ, батареяҳо, маҳсулоти фармасевтӣ, коркарди нахи пахта ва пусту пашм, маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла моҳипарварӣ мусоидат намоянд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки 4 созишномаи дуҷонибаро байни мақомоти дахлдори кишварҳо ба имзо расонида, гардиши савдои дуҷониба ва сармоягузориҳо ба таври назаррас афзоиш медиҳанд.
Ҳамзамон дар ҳошияи ҷаласаи Комиссия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни ҶДММ “Корпоратсияи моҳии тоҷик” ва ширкати инноватсионии “НеоЕнБиз” – и Кореяи Ҷанубӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти моҳипарварии ҳушманд ба имзо расонида шуд.
Дар охири ҷаласа тарафҳо барои боз ҳам бештар густариш додани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ омодагии худро баён намуданд.