Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони корхонаи коркарди қоғаз ва истеҳсоли маҳсулоти полиграфӣ бомаром идома дорад. Бунёди корхона аз ҷониби муассисони ҶДММ Папириус» анҷом мешавад.
Бино ба иттилои Дафтари матбуотии Раиси шаҳри Хуҷанд, ҷамъият дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои туркӣ дар ояндаи наздик коргоҳи бузурги коркарди қоғаз ва истеҳсоли маҳсулоти полиграфиро ба роҳ мемонанд.
Ба иттилои манбаъ, маҳсулот пурра воридотивазкунанда буда, талаботи рўзафзуни аҳолиро ба он то қадри имкон қонеъ менамояд.
Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик баъди ба истифодадиҳӣ дар корхона намудҳои гуногуни дафтар ва дигар анвои ашёи хониш истеҳсол карда мешавад.
Фирдавс Шарифзода, Раиси шаҳри Хуҷанд бунёди чунин корхонаи саноатиро талаби замон унвон намуда, ҷиҳати суръатбахшии корҳо ва зимни бунёди он истифодаи бештари маҳсулоти ватанӣ дастуру супоришҳо дод.