Рӯзи 21-уми октябр дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои Рассоми Халқии Тоҷикистон Ашур Ҳайдаров таҳти унвони “Мусаввири таърихнигор” ифтитоҳ гардид.
Инчунин дар доираи намоиш китоби тозанашр оид ба ҳаёту эҷодиёти рассом бо номи “Ашур Ҳайдаров: мусаввараҳо, лаҳзаҳо аз ҳаёт, ёддоштҳо” муаррифӣ карда шуд.
Дар ифтитоҳи намоиш ва муаррифии китоб намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Рассоми Халқии Тоҷикистон Сабзалӣ Шарипов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Гулсара Абдуллоева, устодону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, меҳмонон аз Ҷумҳурии Узбекистон, духтари Ашур Ҳайдаров – Мавлуда Ҳайдарова ва дигар ҳаводорони санъату фарҳанг иштирок намуданд.
Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо дар сухани ифтитоҳии хеш аз ҷумла баён намуданд, ки дар фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон 38 адад асарҳои Рассоми Халқии Тоҷикистон Ашур Ҳайдаров ҳифз ва нигоҳдорӣ карда мешаванд, ки 28 адади онҳо дар ин намоиш гузошта шудаанд. Дар асарҳои офаридаи Ашур Ҳайдаров табиати зебои диёр, симои шахсиятҳои маъруфи таърихи халқи тоҷик аз қабили Абӯалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Мушфиқӣ, Мирзо Ризо, Раҳим Ҳошим, ҳаёти рӯзмараи меҳнаткашон, ҳунармандон, занон ва табиати Тоҷикистон тасвир шудаанд.
Мусаввараҳои офаридаи рассом бо номҳои «Рӯдакӣ дар байни ҳамдиёрон», «Шоир Абдураҳмони Мушфиқӣ дар Бухоро», «Вохурии Абӯ Алӣ ибни Сино бо олимони Ҳамадон», «Регистони Самарқанд», «Симои Арӯс», «Озодшавӣ аз зиндон», «Фаранҷипартоӣ», «Афтодани Аморат», «Мумфарш намудани роҳ» ва як зумраи дигар ба қатори шоҳкориҳои ҳунари тасвирии муосири тоҷик дохил шудаанд. Зеро, наққоши чирадаст кӯшиш кардааст бо тобиш ва таносуби рангҳо табиати зебои диёр ва олами ботинии қаҳрамонҳои асарҳояшро ифода намояд.
Ҳамзамон дар намоиш зиёда аз 30 адад асарҳои қаламкашӣ (графика)-и Ашур Ҳайдаров низ пешниҳоди тамошобинон гардонида шудаанд.
Ашур Ҳайдаров 14 июли соли 1916 дар ш. Самарқанд таваллуд шудааст. Солҳои 1934-1938 дар омӯзишгоҳи рассомии Самарқанд дар ихтисоси муаллими расмкашӣ таҳсил намуда, онро бо баҳои аъло хатм намудааст. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) буда, соли 1955 ба шаҳри Душанбе омада, ба сифати рассом дар маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» фаъолият намудааст. Аз соли 1956 рассоми фонди бадеии Тоҷикистон ва иштирокчии даҳаи адабиёт ва санъат дар шаҳри Москва мебошад. Аз соли 1958 аъзои Иттифоқи рассомони ИҶШС буда, соли 1990 ба гирифтани унвони «Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон» ва соли 1991 бо унвони фахрии «Рассоми Халқии Тоҷикистон» мушарраф гардидааст. Рассом 21-уми майи соли 1998 дар шаҳри Душанбе вафот намудааст.
Намоиши асарҳои Рассоми Халқии Тоҷикистон Ашур Ҳайдаров то таърихи 01.11.2022 идома меёбад.