21 октябри соли 2022 дар гузаргоҳи сарҳадии «Қизилбел»-и сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон мулоқоти ҳайатҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид. Дар ин бора хадамоти матбуоти Раитси вилояти Суғд иттилоъ додааст.
Дар ин мулоқот Фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, директори Хадамоти сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Қирғизистон генерал-майор Уларбек Шаршеев, раисони вилоятҳои Суғд ва Ботканд Раҷаббой Аҳмадзода ва Абдикарим Алимбаев, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду тараф, раисони навоҳии сарҳадии ду давлат ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо вобаста ба ҳолати кунунӣ ва таъмини доимии субот дар марзи ду кишвар мубодилаи афкор намуда, таъмини ҳатмии протоколҳои қаблан ба имзо расида, барқарории доимии оромӣ дар сарҳади давлатӣ, тақвияти ҳамкории мутақобила дар самти пешгирии низоъ дар марзро таъкид карданд. Ҳамчунин гуфта шуд, ки тарафҳо ҷонибдори сулҳу субот дар марз буда, барои ин комиссияи муштарак фаъолияти муназзами худро идома хоҳад дод. Ҳамкории зичу боварибахш байни аҳолии ду ҷониб, маҳаллаву ҷамоат, навоҳии ҳаммарз ва вилоятҳо муҳим арзёбӣ гардид. Вобаста ба ин нақшаи чорабиниҳо байни вилоятҳои Суғди ҶТ ва вилояти Боткенти ҶҚ таҳия гардид, ки аз ҷониби раисони вилоятҳо имзо шуд.
Аз тарафи роҳбарони ҳайатҳо изҳороти муштараки Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон қабул гардид, ки дар он аз ҷумла таъкид карда шудааст:
Ҳайъати фармондеҳии Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Қирғизистон муҳимияти ба эътидол овардани муаммои наздисарҳадро дарк намуда, дар ин вазъият асосҳои нигоҳдории ҳамсоягиро риоя карда, изҳор медоранд, ки бо кӯшишҳои якҷояи тарафҳо вазъият дар сарҳадоти давлатии Тоҷиикстону Қирғизистон муътадил боқӣ мемонад.
Роҳбарони Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон зарурати пурзӯр намудани чораҳои саривақтӣ барои авҷ нагирифтани вазъият дар сарҳад, ба таври ҳатмӣ роия кардани рафтори сарҳадбонони ду кишварро қайд намуданд.
Тарафҳо ба фаъолияти комиссияи байнидавлатӣ оид ба пешигирии низоъ баҳои объективӣ дода, ба танзими осоиштаи муаммоҳои наздисарзадии ҷойдошта диққати махсус зоҳир намуданд. Барои амалисозӣ ва мустаҳкам кардани созишномаҳо тарафҳо дар мавриди ба таври доимӣ гузаронидани вохӯриҳои гуруҳҳои корӣ, ки дар муътадилсозии вазъият дар сарҳад фаъолона иштирок мекунанд, ба мувофиқа расиданд.
Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Қирғизистон изҳор медоранд, ки ҳалли масъалаи муқаррар намудани сарҳади давлатӣ танҳо ба уҳдаи комиссияи байндавлатӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад мебошад, ки ваколати он дар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ муқаррар карда шудааст.
Аз ҳамин сабаб, роҳбарони Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Қирғизистон аз ВАО, инчунин аз шахсони беваколат даъват ба амал меоранд, ки аз ҳама гуна шарҳ худдорӣ намоянд.
Тарафҳо ҳама гуна изҳороти ғайрирасмиро ҳамчун кӯшиши тезутунд кардани вазъият дар сарҳади байни ду кишвар баҳо медиҳанд.