ҶДММ «Зарафшон» барои ҷалб намудани мутахассисон ба ҷойи кор дар Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди ДМТ семинаи омӯзишӣ доир намуд. Дар он директори Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ аз ҷониби Тоҷикистон Қосимов Фаррух, муовини директори Генералии ҶДММ «Зарафшон» У Леи, муовини директори департаменти захираҳои инсонии ҶДММ «Зарафшон» Ҷин Гуилонг иштирок карданд, хабар медиҳад ДМТ.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни семинар инчунин хатмкунандагони риштаи забони чинии ДМТ, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода ва Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Дар рафти чорабинӣ зикр шуд, ки Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди ДМТ Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди ДМТ дар самти омода намудани мутахассисони донандаи забони чинӣ саҳми назаррас мегузорад.
Зимнан гуфта шуд, ки ҶДММ «Зарафшон» ҷиҳати хубтар ба роҳ мондани таҷрибаомӯзиҳои истеҳсолӣ, тайёр намудани мутахассисони забондон ва ба ҷойи кор таъмин намудани онҳо бо муассисаҳои таълимӣ ҳамкории судманд дорад.