Шурӯъ аз 27 октябр дар шаҳри Абузабии Аморати Муттаҳидаи Араб Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу доир мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар он 11 варзишгар муаррифӣ мекунанд Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, мусобиқа дар ду равия миёни дастаҳои мунтахаби расмӣ доир шуда, рақобатҳо байни дастпарварони клубҳо ва академияҳои ин намуди варзиш сурат мегиранд.
Дар он Сунатулло Одинаев дар вазни 46кг, Муҳаммадҷон Хоҷаев бо Ибодулло Ибодов, ҳарду дар вазни 56кг, Рошид Неъматов дар вазни 73 кг ва Маъруфҷон Назарзода дар вазни 94 кг ширкат мекунанд.
Ҳамзамон миёни ашхоси маъюб (пара ҷиу-ҷитсу) Абдуманон Раҳимов дар вазни 77 кг Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.
Мусобиқа то 8 ноябр идома мекунад.