Имрӯз робитаҳои дӯстию фарҳангии ду кишвар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тақвият ёфта, дар тамоми соҳаҳо самараи он ба мушоҳида мерасад. Ин аст, ки бо пеш гирифтани сиёсати оқилона ва фарҳангпарваронаи сарварони ду давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев равобити адабӣ дубора эҳё гардид.
Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар, ҳайати кории Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз Академияи фанҳои “Турон”-и шаҳри Самарқанд рӯзи 21-23-юми октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе қарор доштанд. Ин ҳайатро роҳбари филиали минтақавии шаҳри Самарқанди Академияи илмҳои Ӯзбекистон, академик Ахмеджонов Ф., академик Адусаломов Х., Усмонов Т ва дигарон намояндагӣ доштанд.
Маврид бв зикр аст, ки ин ҳайат рӯзи 22-юми октябр аз осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ боздид ба амал оварданд. Сипас, дар толори осорхона бо иштироки кормандони осорхона, роҳбари “Бунёди Айнӣ”, Эраҷ Айнӣ, адибон Холиқов Муҳаммадҷон, Шавкат Муҳаммедов, Нарзиқул Обидов, собиқадорони дигар соҳаҳо Ёрбобоев Алишер, Муминов Абдулҳамид, Солиев Кенҷабой, Раҳматҷон Ашуров, Марям Ашуров ва дигарон нишасти хубу хотирмоне баргузор гардид. Меҳмононро Эраҷ Айнӣ ба Душанбешаҳр хушомадед гуфта, барои иқдом ва ташаббусҳо бобати абадӣ гардонидани хотираи неки сардафтари адабиёти тоҷику форс аллома Садриддин Айнӣ ба роҳбарияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Академияи илмҳои Ӯзбекистон, ба хусус, роҳбари шаҳри Самарқанд, роҳбари филиали минтақавии Академияи илмҳо дар шаҳри Самарқанд Ахмеджонов Фарҳод изҳори сипос ва миннатдорӣ баён намуд.
Навбати суханронӣ ба академик Ахмеджонов Фарҳод дода шуд. Мавсуф иқдомҳои наҷибашонро бобати ҷовидон гардонидани номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Самарқанд иброз дошт. Яке аз навидҳои тозаи фарҳанӣ, ки қобили таҳсину офарин аст гузоштани боғи шаҳри Самарқанд ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Ғайр аз ин, ба нашр расонидани китоби ба номи “Боғи Садриддин Айнӣ” ва Энтсиклопедия (қисми 1). Китоби “Боғи Садриддин Айнӣ” дар бораи боғ ва алоқамандии ӯ бо устод Айнӣ маълумот медиҳад. Энсиклопедия (қисми 1) дар бораи шахсиятҳои ҷаҳонӣ, ки зода ва парвардаи шаҳри бостонии Самарқанд, инчунин, макону мавзеъҳо ва биноҳои таърихиро дар бар мегирад. Ҳамзамон, масъулини ин нашрия мақсад доранд, ки бо сабаби хеле зиёд будани мавод ва зам шудани таклифу пешниҳод қисмҳои баъдии Энтсиклопедияро барои чоп омода намоянд.
Инчунин, нақша доранд, ки дар доираи ҳамкориҳои файзбахш чорабинии адабӣ ва фарҳангӣ бахшида ба солрӯзи устод Айнӣ дар Самарқанд гузаронанд. Дар идомаи суҳбат академик Ахмеджонов Фарҳод аз сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон академик, Раҳмонзода Абдуҷаббор барои масъулиятшиносии баланд, иқдомҳо ва корҳои наҷиби эшон арзи сипос намуд.
Нишастро мутриб ва овозхони хушсадо Баҳодури Неъмат ҳусни дигар бахшида, суруди Самарқандро, ки ба қалами шоир Холиқов Муҳаммадҷон тааллуқ дошт манзури ҳозирин гардонид.
Баъдан нишони сарисинагӣ ва шаҳодатнома ба роҳбари “Бунёди Айнӣ”, Эраҷ Айнӣ барои ҳамкориҳои самарабахш дар фазои тантанавӣ тақдим гардид.
Ҳамчунин, академик Адусаломов Х. зимни суханронӣ дар мавриди бузургии устод Айнӣ ишораҳое ҳам кард, ки қобили қабул буданд. Устод Толиб Усмонов зодаи Тоҷикистон, ҳоло муқими Самарқанд аст, мактаби ба номи С. Айниро дар шаҳри Самарқанд хатм кардааст. Ӯ дар баромади худ гуфт, ки аз ин мактаб 5 академик баромадааст, ки мояи ифтихори мо мебошанд.
Собиқадори меҳнат Ёрматов Алишер суханронӣ намуда, аз иқдомҳои бародарони Ӯзбекистон изҳори хушнудӣ намуд ва дар ин маврид таклифу пешниҳо ироа кард.
Дар охири кори нишаст барои ҳозирин китобҳои тозанашри худро аз қабили Энтсиклопедия, китоби “Боғи Садриддин Айнӣ” ва маҷмуаи шеърҳоро тақдим намуданд.