
Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии хайриявии «International Charity bazaar» дар шаҳри Боку иштирок намуд.
Тавре ки радиои “Овози тоҷик” дар такя ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Озарбойҷон хабар медиҳад, дар рафти чорабинӣ намояндагиҳои дипломатии беш аз 40 кишвари хориҷӣ, ки муқими Ҷумҳурии Озарбойҷон мебошанд, бо намунаҳои таомҳои миллӣ ва туфаҳои хотиравӣ иштирок доштанд. кишварҳояшонро бо мақсади хайрия ташкил намуданд. Тоҷикистонро дар он Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон муаррифӣ намуд.
Ба иттилои манбаъ, гӯшаи Тоҷикистон мувофиқи расму русуми миллӣ тарҳрезӣ шуда, аксу тасвирҳои манотиқи сайёҳии кишвар бо таъриху фарҳанги ғании мардуми бостонии тоҷик ва дигар ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла сӯзанӣ ва намунаҳои либосҳои миллӣ, инчунин дастархони тоҷикӣ, ки аз навъҳои гуногуни таомҳо ва шириниҳои миллӣ иборат буд, ороиш дода шуд.
Ҳамчунин ба тамошобинони намоишгоҳ филми кӯтоҳ дар бораи манзараи зебои қуллаҳои кӯҳӣ, рӯдхонаҳои пуроб, кӯлҳои покиза, ёдгориҳои таъриху фарҳангии Тоҷикистон ва мавзеъҳои таърихиву сайёҳии кишвари мо муаррифӣ гардид.
Бояд гуфт, ки Намоишгоҳи байналмилалии хайриявӣ аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон бахшида ба 30-умин солгарди ҳамкории Озарбойҷон ва Созмони Милали Муттаҳид, инчунин анҷоми соли сеюми раёсати Озарбойҷон дар Ҷунбиши ҳамроҳнашавӣ ва Рӯзи СММ баргузор гардид. Ҳадафи чорабинӣ кӯмак ба кӯдакони имконияташон маҳдуд мебошад.