
Аз 31 октябр то 6 ноябр Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён мегирад.
Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Театри давлати академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир мегардад.
Интизор меравад, ки дар ин муддат дар кинотеатри «Ватан» намоиши филмҳои эронӣ доир мегардад.
Инчунин, баргузории маҳфилҳои адабӣ дар донишгоҳҳои олии икшвар, аз ҷумла дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон маҳфили шоҳномахонӣ, бо иштироки аҳли адаби Эрону Тоҷикистон маҳфили шеър ва дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши ҳунарҳои мардумии Эрон дар назар аст.
Тибқи барнома, дар ин давра сафари иштирокдорони Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон ба шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Ҳисор дар назар дошта шудааст.
Ҳамчунин дар шаҳри Хуҷанд барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони эронӣ пешбинӣ шудааст.
Меҳмонон ҳамчунин аз «Кохи Наврӯз», Китобхонаи миллии Тоҷикистон, маҷмааи «Истиқлол», Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва дигар мавзеъҳои ҷолибу тамошобоби пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе боздид менамоянд.