Ғоибзода Фаридун аз рӯйи номинатсияи жанри навозандагӣ, Назаралиева Фотима аз руйи жанри сарояндагӣ ва Лутфулоев Раҳматулло аз руи номинатсияи компазиторӣ ғолибони Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” бо маблағи 50 ҳазор сомонӣ дар соли 2022 гардиданд.
Озмуни ҷумуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” дар кишвар ҷамъбаст шуд. Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷамъбастии озмун дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ оғоз гардид. Дар он се нафар гирандагони Шоҳҷоизаи озмун, ки маблағаш 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, эълон гардиданд.
Инчунин ғолибони ҷойи якум бо 35 ҳазор сомонӣ, ҷойҳои дуюм бо 25 ҳазор сомонӣ ва ҷойҳои сеюм бо 15 ҳазор сомонӣ, диплом ва мукофот сарфароз шуданд.
Боиси ёдоварист, ки чорабиниро Матлубахон Сатторӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, ғолибон ва гирандагони ҷоизаҳои озмунро таҳният намуд.
Номбурда дар идомаи суханрониаш иброз намуд, ки бо эълон гардидани озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” мо истеъдодҳои нав ба навро кашф намудем. Тӯли чор соли баргузории озмуни мазкур ҷавонону наврасони соҳибистеъдод рӯи саҳна қадам гузоштанд. Аз ҳисоби онҳо сафи ҳунармандони кишвари мо дар ҳоли афзоиш аст. Ин бар он замина мегузорад, ки суннатҳои фарҳанг ва мусиқии миллии мо бунёд гардида, мутобиқ ба шароити замони муосир рушд ёбад.
Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки дар озмун 3374 нафар довталаб иштирок намуда, 1323 нафари онҳо ба даври дуввум ва 316 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифтанд. Ин теъдодро 167 нафар сароянда, 131 нафар навозанда ва 18 нафар композитор (оҳангсоз) ташкил доданд.
Чорабинӣ бо барномаи бошукӯҳи ҳунарӣ анҷом ёфт.
Фуруҳари Тоҳирӣ