Имрӯз дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигорони радиои «Овози тоҷик», Малвинаи Хушқадам ва Суҳайлои Султонмуҳаммад аз ҷараёни чорабинӣ хабар медиҳанд.
Дар маросими ифтитоҳи ин чорабинии фарҳангӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зулфия Давлатзода суханронӣ намуда, меҳмонони олиқадрро хайрамақдам гуфт. Ҳамзамон Зулфия Давлатзода таъкид намуд, ки баргузории Рӯзхои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон ва Рӯзхои фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон робитаҳои фарҳангии ду кишварро боз ҳам қавитар менамояд.
Дар навбати худ Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, Муҳаммадтақии Собирӣ, зимни сухаронӣ дар ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон иброзӣ хушнудӣ намуда, баргузории Рӯзҳои фарҳангиро, натанҳо боиси тақвияти равобити ду кишвар, балки сабаби тавсеаи рӯзафзуни забон ва расму русуми кишварҳо хонд.
Муҳаммадтақии Собирӣ, ҳамзамон таъкид намуд, ки : «ин чорабнӣ ҳунари мардуми Эронро ба мардуми тоҷик нишон медиҳад ва ҷониби Эрон ҳамеша хостори тақвияти ҳамкорӣ дар ҳамаи заминаҳо ҳаст. Ва боиси таъкид аст, ки Рӯзҳои фарҳангӣ навидбахши иртибототи фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон аст» .
Баъд аз суханронии Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, Муҳаммадтақии Собирӣ филми кутоҳе аз манзараҳо ва табиати зебои минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Исломии Эрон пешкаши иштирокдорон гардид. Чорабинӣ идома дорад….