Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид бо Муовини губернатори префектураи Коти ҷаноби Инуе Ҳироюки мулоқот намуд.
Тавре радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни мулоқот ҳамкориҳо оид ба омузиши татбиқи барномаи рушди саноати префектураи Коти баррасӣ гардида, зикр гардид ки барномаи мазкур ҳамчун барномаи муваффақ дар Ҷопон ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон қайд гардид, ки омӯзиши ин таҷриба ба амалишавии ҳуҷҷатҳои стратегии сатҳи миллӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ дар Тоҷикистон аҳамияти калон дорад.
Дар анҷоми вохӯрӣ, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида изҳор намуданд.