
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми якуми занон оид ба масъалаҳои сиёсати гендерии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он зиёда за 350 нафар занону бонувони касбу кори гуногуни кишвар иштирок намуданд.
Бино ба иттилои хабарнигорони радиои “Овози тоҷик” Мутабар Носирова ва Зулайхо Боқиева, чорабинӣ инчунин бо иштироки роҳбарни вазорату идораҳо, иштирокчиёни Иҷлосияи тақдирсоз сурат гирфита, онҳо доир ба дастоварду муваффақиятҳои ба дастовардаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат дар самти татбиқи сиёсати гендерӣ ибрози назар намуданд.
Зикр шуд, ки маҳз таваҷҷӯҳу дастгириҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки занону бонувон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат фаъолона иштирок мекунанд. Аз минбарҳои баланду бонуфузи байналмилалӣ аз мақому манзалати баргузидаи хеш бо ифтихор сухан мегуянд.
Дар доираи форум бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти пурсамари сиёсӣ, саҳми беандоза дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва таҳкими сулҳу субот лар Тоҷикистон як қатор сиёсатмадорони кишвар бо Ифтихорномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шуданд.