Рӯзи 16 октябри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати меҳмонон, коршиносони соҳа, устодони муассисаҳои таълимӣ Конференсияи байналмилалӣ дар доираи 16-умин Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид.
Тавре ки корманди Вазорати маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр оғоз гардида, мавсуф меҳмонону иштирокдорони конференсияро ба ҷумҳурӣ хайрамақдам гуфт ва баргузории Бозиҳоро дар шаҳри Душанбе боиси ифтихору сарбаландии ҳар як тоҷикистонӣ арзёбӣ намуд.
Сипас директори Кумитаи байналмилалии Делфӣ Владимир Понявин вобаста ба баргузории Бозиҳои Делфӣ, таърих ва дурнамои он изҳори андеша кард ва аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, мардуми сарбаланди тоҷик ҷиҳати истиқболи самимӣ аз иштирокчиён ва дар сатҳи баланд баргузор гардидани номинаҳои Бозиҳо изҳори миннатдорӣ намуд.
Ҳамзамон, дар идомаи ҳамоиш намояндагон аз кишварҳои Русия, Беларус, Озарбойҷон, Узбекистон, Қазоқистон ва дигар давлатҳои узви ИДМ суханронӣ намуданд.
Иштирокдорони Конференсия изҳор доштанд, ки баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ барои таҳкими дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии ҷавонон ва наврасони аъзои давлатҳои ИДМ мусоидат хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки 16-умин Бозиҳои байналмилалии Делфии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ 15 октябр ифтитоҳ гардида, имрӯз, 17 октябр анҷом меёбад.