
Теъдоди қурбониёни кони ба номи Ленини вилояти Қарагандаи Қазоқистон ба 5 нафар расид, — хабар медиҳад радиои “Овози тоҷик” дар такя ба АИР “Новости”.
Ба зикри хабаргузорӣ дар такя ба Руслан Имонқулов, намояндаи расмии Вазорати ҳолатҳои изтирории Ҷумҳурии Қазоқистон, чанд лаҳза қабл наҷотдиҳандагон ҷасади як корманди дигари конро пайдо карданд.
Қаблан, субҳи имрӯз Вазорати ҳолатҳои изтирории ин кишвар хабар дода буд, ки шаби гузашта дар кони ба номи Ленин, мутааллиқ ба ҶСК «Арселор Миттал Темиртау» ҳангоми пармакунии чоҳҳои газ ногаҳон хуруҷи газ ба амал омад, ки боиси марги чор коргар ва дар бемрохона бистарӣ шудани чор нафари дигар шуд.
Дар натиҷаи амалиёти наҷотдиҳӣ беш аз 100 нафар коргарон аз дохили кон ба рӯи замин кӯчонида шуданд. “Соати 11:09 ҷасади коргари панҷум пайдо шуд», — гуфт намояндаи Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ.
Вазири ҳолатҳои изтирории Қазоқистон Юрий Илин, ки сарварии комиссияи тафтишоти ҳодиса ва гуруҳи наҷотдеҳонро бар ӯҳда дорад, ба маҳалли садама рафтааст. Аз рӯи далели вазъи фавқулодда бар асоси қисми сеюми моддаи 277-и Кодекси ҷиноии Қазоқистон “Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми иҷрои корҳои кӯҳканӣ ё сохтмонӣ” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Дар ҷойи ҳодиса гурӯҳҳои тафтишотӣ ва оперативӣ-ҷустуҷӯии шӯъбаи корҳои дохилии вилояти Қарағанда кор мекунанд.