Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия, мукотибаи катбии Лиз Трасс, собиқ сарвазири Британияи Кабир ва Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро, пас аз рух додани таркиш дар лӯлаҳои гази минтақаи Шимолӣ нашр кард. Дар ин бора АИР “Новости” иттилоъ додааст.
Ба зикри хабаргузорӣ, Патрушев паёми катбиеро, ки Трасс пас аз ҳамла ба лӯлаи газ ба Блинкен бо мазмуни “ҳамааш анҷом ёфт» ирсол кард, ҳамчун далели даст доштани Лондон ва Амрико дар таркиш асос медонад.
Қаблан, дабири Шӯрои амнияти Русия пешниҳод карда буд, ки Трассро барои сӯҳбат дар робита ба ҳамлаҳои террористӣ дар лӯлаҳои гази «Маҷрои шимолӣ» даъват кунанд. Вакили Думаи давлатии ин кишвар Андрей Климов ҳам дар пайи ин пешниҳод гуфт, ки ин сиёсатмадори бритониёӣ, ҳамзамон, метавонад ба ҳайси шоҳид баромад кунад.
Бори аввал мукотибаи Трасс ва Блинкен пас аз ҳамлаҳои террористӣ ба қубурҳои газ дар саҳифаи Ким Дотком дар Твиттер нашр шуд. Патрушев ин суҳбатро айнан нашр карда, вале манбаашро ном набурд.