Президенти кунунии Ҷумҳурии Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар интихоботи ғайринавбатии президентӣ барои курсии раҳбарӣ вориди рақобат шуд. Ӯ сеюмин номзад ба ин мақом гардид. Дар ин бора хабаргузориҳои маҳаллӣ иттилоъ додаанд.
Ба зикри расонаҳо, ҳизби ҳокими «Амонат» дар Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев-раиси ҷумҳури феълиро ба унвони номзад ба мақоми президентӣ пешбарӣ кард. Вакилони анҷумани ғайринавбатии ҳизб рӯзи панҷшанбе ба ҷонибдории ин тасмим раъй доданд.
«Дар ин бора якдилона тасмим гирифта шуд. Муҳтарам аъзои ҳамин ҳизб, бо қарори Анҷумани XXIV ҳизби «Амонат» Қосимҷомарт Камолович Тоқаев якдилона номзад ба мақоми президентии Ҷумҳурии Қазоқистон пешбарӣ карда шуд», — гуфт, котиби масъули ҳизб Асхат Оралов,дар ҷамъбасти натоиҷи раъйдиҳӣ.