
Нимаи дуюми рӯзи 2 ноябр гуруҳе аз аҳли илму фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон ба вилояти Суғд ташриф овард.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд, меҳмонон дар доираи барномаи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хуҷанд қарор дошта, имрӯз 3 ноябр аз марказҳои таълимии ҳунармандии маркази вилоят боздид мекунанд. Соати 15-00-и имрӯз дар Кохи фарҳанги «Суғдиён» намоиши фарҳангии эҷодкорони эронӣ бахшида ба Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.
Дар назар аст, ки меҳмонон ҳамзамон аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Регистони Панҷшанбе, оромгоҳи Шайх Муслиҳаддин низ боздид намоянд.