
Сухангӯи ҳукумати «Толибон»* Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар нишасти ахираш таъкид кардааст, ки иддаои Амрико дар бораи кушта шудани Айман-ал-Завоҳирӣ, роҳбари гурӯҳи «Ал-Қоида»* то ҳанӯз собит нашудааст.
Сухангӯи «Толибон»* дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Диҷиталии Исломобод Телеграф” гуфтааст, Иёлоти Муттаҳида чанде пеш, пас аз ҳамлаи ҳавоӣ ба як манзили маскунӣ дар Кобул иддао кард, ки Завоҳириро куштааст, аммо то кунун ин масъала собит нашудааст.
Ӯ афзудааст, ки дар ин маврид ҳукумати «Толибон» эътирози худро бо Амрико фиристодааст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эълон карда буд, ки бесарнишинҳои ин кишвар дар амалиёти махсусе дар минтақаи Ширпури Кобул Айман-ал-Завоҳирӣ, роҳбари пешини «Ал-Қоида»-ро куштаанд.
*гурӯҳи террористии мамнуъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон