
Дар музофоти Гуҷарати Ҷумҳурии Ҳиндустон пули Морби, ки чанд рӯз қабл баъд аз навсозӣ мавриди истифода қарор гирифтааст, сарозер шуд.
Мувофиқи хабари агентии итилооти Ҳиндустон Aajtak, дар натиҷаи ҳодиса зиёда аз 140 нафар ҳалок гардидаву зиёда аз 70 каси дигар бистарӣ шудааст. Тибқи маълумотҳо аксари фавтидагонро кӯдакон ва ҷавонон ташкил медиҳанд. Бояд гуфт, ки дар натиҷаи ҳодисаи ба вуқӯомада, чанд тани дигар бедарак гум шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки пули Морби кабелӣ буда, таърихи 140 сола дошт. Як ҳафта қабл азнвсозӣ гардида, мавриди истифодаи одамон қарор гирифт.
Сабаби фуруравии купруки мазкурро аз меъёр зиёд баромадани одамон ба он мешуморанд. Барои ёрӣ ба зарардидагон дар баробари гуруҳҳои наҷотдиҳандаи Гуҷарат аз музофотҳои дигар низ сафарбар шуданд.