Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия бахшида ба Рӯзи Конститутсия ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI -уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки беш аз 100 нафар донишҷӯён ва ҳамватанони муқими Туркия маросими тантанавӣ баргузор гардид.
Дар суханронии хеш Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов ҳозиринро бо нақши рӯйдодҳои таърихии зикргардида дар пойдории давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, инчунин бо хизматҳои шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди ватани маҳбубамон шинос карданд.
Роҳбари намояндагӣ зимни баромади хеш аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос оварда, қайд карданд, ки: «Ҳадафи мо аз ҳамасола ҷашн гирифтани рӯзи қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, эҳтирому арҷ гузоштан ба қонуни асосиву сарнавиштсози давлат ва раъйи ҳамватанони азизамон мебошад, ки дар давраи басо душвори таърихӣ онро ҷонибдорӣ намуда, ба ин васила барои ояндаи дурахшони кишварамон заминаи боэътимоди сиёсӣ ва иҷтимоиву ҳуқуқӣ фароҳам оварданд».
Дар ҳошияи чорабинии мазкур мусоҳибаи сафир бо ВАО-и кишвари иқомат, аз қабили Агентии «Иҳлас Ҳабер» роҷеъ ба ҷашнҳои болозикр сурат гирифт.