Дар Душанбе ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ба кори худ оғоз бахшид.
Дар доираи он имрӯз, 9 ноябр Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода бо муовин раиси Ҳукумати федератсияи Россия Алексей Оверчук мулоқот намуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ибрози назар намуданд.
Дар назар аст, ки ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардад. Дар он масъалаҳои мубрами ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарии Тоҷикистон ва Россия баррасӣ мешаванд.
Ҳайатҳои ҷонибҳоро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчук роҳбарӣ мекунанд.