Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ корҳои ободонию бунёдкорӣ, бунёду азнавсозии биноҳои истиқоматӣ ва маъмурӣ, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, гармхонаҳо ва таъсиси боғҳои нави интенсивӣ идома дорад. Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода аз раванди сохтмони ин иншоотии ҷашнӣ дидан намуда, барои сифатнок иҷро намудани анҷом додани корҳои созандагӣ супоришҳо дод.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми сафари корӣ Завқизода Завқӣ Амин бо натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нӯҳ моҳи соли 2022 ва вазифаҳо то охири соли 2022 шинос гардид.
Дар маҷлиси ҷамъбастӣ раиси ноҳия Шоҳиён З. С., муовини раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода А. Р., муовинони раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳо, раисони ҷамоати шаҳрак ва деҳот, имомхатибони масҷидҳо ва дигар фаъолони ҷомеъа иштирок намуданд. Дар он ҳисоботи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва корҳои анҷомдодашуда дар нӯҳ моҳи соли 2022 шунида шуд.
Аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо муҳтарам Завқизода З. А. ҷиҳати иҷрои сифатноку саривақтии супоришҳои роҳбарияти Олии кишвар масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷро барои дар сатҳи баланд амалӣ намудани Нақшаи чорабиниҳои корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, истифодаи оқилонаи заминҳои таъиноти кишоварзӣ, омодагӣ ба кишти барвақтӣ, зимистонгузаронӣ ва ҳалли саривақтии мушкилоти ҷойдошта супоришҳои мушаххас дода шуд.