
Имруз 11 ноябр дар идомаи сафар ба шаҳри бостонии Кулоб ҳайати сайёҳии Чумҳурии Исломии Эрон тахти роҳбарии муовини вазири гардишгари, мероси фарҳанги ва саноеи дастии Чумҳурии Исломии Эрон Алиасғари Шолбофиён ба зиёрати мақбараи олим ва шоири тавоно Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ рафтанд. Дар ин бора мухбирони радиои «Овози тоҷик» Малвина Хушқадамова ва Мирсаид Сатториён иттилоъ доданд.
Ба зикри мухбирон, ҳайат дар ин ҷо ба хотири осоиштагии ду кишвар дуои нек карданд.
Сипас, онҳо бо китобхона ва осорхона мақбара шинос шуданд. Дар осорхона меҳмонон бештар ба гушаи туҳфаҳо аз президентони Ҷумхурии Исломии Эрону Тоҷикистон ва гӯшаи бародаршаҳрии Кулобу Ҳамадон таваҷҷух зоҳир карданд.
Баъди ин, муовини вазири гардишгарӣ, мероси фарҳангӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Алиасғари Шолбофиён ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳри Кулоб ва ҳайати фархангии шаҳр ба хотири меҳмоннавозии самимӣ изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид кард, ки мардуми шарафманди шаҳри Кулоб бори дигар шаҳрвандони бародаршаҳр буданашонро бо шаҳрҳои Эрон исбот карда, меҳмоннавоз ва фархангӣ будани мардуми тоҷикро собит намуданд.
Ёдовар мешавем, ки сафари мазкур дар масири Кулоб _ Норак идома ёфта, меҳмонон дар доираи он ба қалъаи «Ҳулбук» ва НБО «Норак» мераванд.